IQNA

Фарохони сабтиноми мусобиқаи қуръонии ҷоизаи байналмилалии Амид дар Карбало

8:13 - February 05, 2024
рақами хабар: 1036
ИКНА - Остони муқаддаис Аббосӣ аз оғози сабтиноми мусобиқаи телевизионии Қуръон бо номи «Ҷоизаи байналмилалии Амид» вижаи қироати Қуръони Карим хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Аббосӣ, мусобиқаи байналмилалии телевизионии қуръонӣ бо номи «Ҷоизаи байналмилалии Амид» вижаи тиловати Қуръони Карим аз сӯи остони муқаддаси Аббосӣ баргузор мешавад.

Ширкаткунандагон метавонанд бо таваҷҷуҳ ба шароити зер дар ин мусобиқот ҳузур ёбанд:

Шароити умумӣ:

1- Ирсоли видеои тиловати ширкаткунанда аз оёти мунтахаби худ машрут ба инки тиловат бештар аз се дақиқа набошад.

2 - Ҳаҷми видеои ирсолӣ аз 150 мегабайят бештар набошад.

3 – Ширкат кунанда бояд иттилооти зерро ҳамроҳ бо видё ирсол кунад:

•    Номи ширкаткунанда ҳамонтавр, ки дар гузарнома қайд шуда сабт шавад

•    Кишвар

•   син 

•  Як рӯнавишти возеҳ аз гузарнома 

•  Як қитъа акс 

4- Видеои ирсолӣ бояд фоқиди ҷилваҳои савтӣ ва тасвирӣ бошад дар ғайри ин сурат ширкаткунанда аз рақобат ҳазф мешавад.

5- Видео бояд ҷадид ва бидуни вақфа миёни мақотеи мухталиф таҳия шуда бошад ва номи ширкаткунанда дар ибтидо зикр шавад.

6 - Дӯрбин набояд беш аз ду метр бо ширкаткунанда фосила дошта бошад ва тасвирбардорӣ бояд уфуқӣ ва бо нури муносиб бошад.

7 - Ширкаткунандагон зери 18 сол дарсурте ки номи онҳо дар байни пазируфташудагон эълом шавад, метавонанд бо як ҳамроҳ дар мусобиқот ҳозир шаванд.

Наҳваи ирсоли тиловатҳо

Довталабони ширкат дар мусобиқа бояд видеоҳо ва иттилооти мавриди ниёзро ба адреси мусобиқа дар апликешен Телеграм ба шумораи (009647760005311) ирсол ва дар сурати бурузи мушкил дар барқарории иртибот аз тариқи Телеграм метавонанд бо ҳамин шумора дар апликейшени Ватсап бо пуштибонии мусобиқот мукотиба кунанд.

Замонҳои муҳим

Сабтином барои ирсоли осор аз 3 феврал оғоз шуда ва то 16 феврал идома дорад.

Асомии пазируфташудагон барои ширкат дар марҳалаи ҳузурӣ 17 феврал эълом хоҳад шуд. 

Истиқбол аз мутасобиқони ширкаткунанда дар марҳалаи ҳузурӣ аз 3 март оғоз мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4197813

captcha