Моҳи мубораки Шаъбон аз фардо оғоз мешавад. Моҳе, ки мунтасаб ба азизтарин банда ва Паёмбари Илоҳӣ аст. Дар бораи аҳамияти моҳи Шаъбон дар фарозе аз салавоти Шаъбония омадааст: وَ هَذَا شَهْرُ نَبِیک سَیدِ رُسُلِک شَعْبَانُ الَّذِی حَفَفْتَهُ مِنْک بِالرَّحْمَةِ وَ الرِّضْوَانِ "Ва ин аст шаъбон моҳи Расулат Сайиди Пайғамбарон, ки ин моҳро ба раҳмат ва ризо ва хушнудият дар пӯшидаӣ", моҳи шаъбон моҳи Паёмбар (с) аст, ки дар он раҳмат ва ризвони илоҳӣ аст.
Барои ин моҳи муборак, аъмоли мустаҳабӣ тавсия шудааст. Аз ҷумла муҳиммтарин аъмоли моҳи Шаъбон, ки Паёмбар (с) анҷом медоданд рӯза буд, ки ҳам худашон рӯза мегирифтанд ва ҳам мунодӣ мефиристоданд, ки мардум ҳам ҳамроҳи ишон рӯза бигиранд.
Рӯзаи моҳи мубораки Шаъбон
Дар ин моҳ рӯза гирифтан бисёр тавсия шудааст. Аз имоми Содиқ (Алайҳиссалом" савол шуд: ябна Расулиллоҳ касе, ки як рӯз аз Шаъбонро рӯза бидорад, чӣ савобе дорад? Фармуд: Ба худо савганд биҳишт подоши он аст, арз кард ябна Расулиллоҳ беҳтарин аъмол дар ин моҳ чист? Фармуд: Садақа ва истиғфор, ҳаркас дар моҳи Шаъбон садақа диҳад Ҳақтаоло онро рушд ва нумув диҳад ҳамон гуна, ки яке аз шумо бача шутурашро рушд медиҳад, то онки дар қиёмат дарҳоле, ки ба андозаи кӯҳи Уҳуд шуда бошад ба соҳибаш бозгардад.
Дар ривояте омадааст Паёмбар (с) ҳангоме, ки ҳилоли моҳи Шаъбонро мушоҳида карданд дастур доданд касе дар саросари Мадина нидо диҳад, ки: «Эй мардум! Ин моҳ, моҳи ман аст, Худо раҳмат кунад касе, ки маро бар моҳи ман ёрӣ диҳад, яъне онро рӯза бидорад».
Истиғфори моҳи мубораки Шаъбон
Дар хусуси истиғфори моҳи Шаъбон тавсия шуда ҳар рӯз 70 мартаба бигӯед: أسْتَغْفِرُ اللهَ وَ أَسْأَلُهُ التَّوْبَةَ ва ҳамчунин أسْتَغْفِرُ اللهَ الَّذِي لا إِلَهَ إِلا هُوَ الرَّحْمَنُ الرَّحِيمُ الْحَيُّ الْقَيُّومُ وَ أَتُوبُ إِلَيْهِ, ки аз маҷмӯаи ривоятҳо низ истифода мешавад, истиғфор дар ин моҳ аҳамияти зиёде дорад ва мавриди таъкид ва тавсия аст ва интавр ҳам нест, ки инсон ҳатман гуноҳ ва хатое карда бошад, ки истиғфор кунад, дарсурате ки Паёмбари Акрам (с) ҳам истиғфор мекарданд.
Оғози моҳи Шаъбон навидбахши фарорасидани идҳои шаъбония ва мелоди имом Ҳусайн (Алайҳиссалом), мелоди ҳазрати Абалфазлил Аббос (Алайҳиссалом), мелоди имом Зайнулобидин (Алайҳиссалом) ва мелоди мунҷии олами башарият ҳазрати имом Маҳдӣ (Алайҳиссалом) аст. Барои ин моҳи азиз, ки навидбахши фарорасидани моҳи мубораки Рамазон низ ҳаст, аъмоли мустаҳабӣ тавсия шудааст то инсонро муҳаёи вуруд ба моҳи мубораки Рамазон кунад.
Зикри хосси моҳи мубораки Шаъбон
Аз дигар аъмоли муштараки тамоми рӯзҳои ин моҳ гуфтани ҳазор мартаба зикри: لا إِلَهَ إِلا اللَّهُ وَ لا نَعْبُدُ إِلا إِیَّاهُ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ وَ لَوْ کَرِهَ الْمُشْرِکُونَ аст. Ин зикр подоши бисёре дорад аз ҷумла инки дар номаи амалаш ибодати ҳазор сола бинависанд.
Ҳамчунин тавсия шудааст, ки дар ҳар панҷшанбеи ин моҳ ду ракъат намоз баҷо оваред дар ҳар ракъат пас аз сураи мубораки «Ҳамд» сад мартаба сури «Қулҳуваллоҳу Аҳад» бихонед ва баъд аз саломи намоз, сад мартаба салавот бифиристед, то Ҳаққтаоло ҳар ҳоҷате, ки дар дин ва дунё доред раво кунад ва низ рӯзаи ҳар панҷшанбе ин моҳ фазилат бисёре дорад.
Ривоят шудааст, ки дар ҳар панҷшанбеи моҳи мубораки Шаъбон осмонҳоро зинат мекунанд, пас малоика арз мекунанд, Худоё! рӯзадорони ин рӯзро биёмурз, ва дуои ононро иҷобат фармо.
Дар хабари Набавӣ аст ҳар, ки рӯзи душанбе ва панҷшанбеи Шаъбонро рӯза бидорад, Ҳақтаоло бист ҳоҷат аз ҳавоиҷи дунё ва бист ҳоҷат аз ҳавоиҷи охирати ӯро бароварад.
Дар ин моҳ бисёр салавот бифиристед ва садақа бидиҳед.