Оёти фаровоне аз Қуръони Карим ба тарсими вижагиҳои биҳишт ва биҳиштиён ихтисос дорад, манзараи беназири биҳиштро ба монанди боғҳои тарабангез тавсиф мекунад, ки зери биноҳо ва дарахтони он наҳрҳо ҷорӣ аст; Барои мисол дар сураи муборакаи Буруҷ мефармояд: إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ذلِكَ الْفَوْزُ الْكَبِيرُ; “Бетардид касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд биҳиштҳое, ки аз зери [дарахтони] он наҳрҳо ҷорӣ аст, вижаи онон аст, ин аст комёбии бузург”. (Буруҷ, ояти 11).
Дар сураи Оли Имрон низ мехонем: لَكِنِ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا نُزُلًا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ لِلْأَبْرَارِ; “Вале онон, ки тақвои илоҳӣ пеша гирифтанд барояшон боғҳое аст, ки аз пойи дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст ва ҷовдона дар он мемонанд, ки [ин] пазироӣ аз ҷониби Худост ва ончи назди Худост барои некон беҳтар аст”. (Оли Имрон, ояти 198).
Биҳишт дар мақоми ташбеҳ ба дунё ба боғҳои сарсабз ва пурдарахт тавсиф шудааст: و جنات ألفافا; “Ва боғҳои пурдарахт” (Набаъ, ояти 16).
Ҷаннатро ба ин далел ҷаннат номидаанд, ки дар саросари боғҳои он дарахтони анбӯҳе аст, ки сояҳои онҳо фазои биҳишт ва замини онро яксара пӯшонидааст. Ин сояҳо ҳамонанди меваҳои он ҳамешагӣ аст ва монанди бархе аз дарахтони дунё нест, ки дар бархе фусул бидуни мева бошад ё баргҳояшон хазон шавад ва бирезад. Аз инру фармуд: أُكُلُهَا دَائِمٌ وَ ظِلُّهَ; “Хӯрданиҳо ва сояҳои онҳо ҳамешагӣ аст” (Раъд, ояти 35).
Дар оёти дигар дар васфи биҳишт аз вуҷуди чашмаҳо, рӯдҳо ва неъматҳои фаровон дар ин боғҳо хабар медиҳад: إِنَّ الْمُتَّقِینَ فِی جَنّات وَ عُیُون; “Ҳамоно парҳезгорон дар боғҳо ва чашмасорон ҳастанд”. (Зориёт, ояти 15), إِنَّ الْمُتَّقِینَ فِی جَنَّاتٍ وَ نَهَرٍ; “Муҳаққиқан парҳезгорон дар боғҳо ва [канори] наҳрҳоянд”. (Қамар, ояти 54) ва إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَ نَعِيمٍ; “Бешак парҳезгорон дар боғҳо ва нозу неъматанд”. (Тур, ояти 17).