IQNA

Сураҳои Қуръон / 12

Моҷарои Юсуфи Паёмбар; Зеботарин достони Қуръон

0:05 - June 16, 2023
рақами хабар: 109
Достони Юсуфи Паёмбар дар Қуръони Карим пур аз сахтиҳое аст, ки як инсон метавонад дар тули зиндагии худ таҷриба кунад; Аммо дар ниҳоят Юсуф бо сабр ва имони ба Худованд ба ҷойгоҳи болое даст пайдо мекунад.

Давоздаҳумин сураи Қуръони Карим, “Юсуф” ном дорад. Юсуф яке аз Паёмбарони бани Исроил ва фарзанди Яъқуби Паёмбар буд. Ӯ дар 9 солагӣ хоб дид, ки ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ дар баробари ӯ саҷда мекунанд. Ин хоб сарнавишти вайро ба тасвир мекашид; Замоне, ки дар Миср ба мақоми болое расид, бародаронаш, ки ӯро бо нақшаи хатарнок ба чоҳ андохта буданд, пас аз солҳо дар муқобилаш саҷда карданд ва ӯро бузург доштанд.

Сураи Юсуф яке аз сураҳои маккии Қуръони Карим аст, ки 111 оят дорад ва дар ҷузъҳои 12 ва 13 қарор гирифтааст. Ҳамчунин ин сура панҷоҳу севумин сураи нозилшуда ба Паёмбар аст.

Ин сура ба сурати муфассал бахшҳои мухталифи зиндагии ҳазрати Юсуфро ба тасвир кашида, ки ба тасреҳи ояти севуми сура, “Аҳсанул Қисас” (Беҳтарин достон) шинохта мешавад. Беҳтарин достон ба ин далел, ки ҳадафи қиссаҳои қуръонӣ яъне ибрат гирифтанро дар болотарин сутӯҳ таҳаққуқ мебахшад.

Достони ҳазрати Юсуф дар ин сура аз хоб дидани вай оғоз мешавад; Бахши дувуми достон марбут ба ҳасодати бародарон ва андохтани Юсуф ба чоҳ аст. Наҷот ёфтани Юсуф аз чоҳ ва фурӯши ӯ дар Миср, дилбохтани Зулайхо ба Юсуф, ба зиндон афтодани Юсуф, таъбири хоби подшоҳи Миср ва озодӣ аз зиндон, мақоми гирифтани Юсуф дар Миср, омадан бародарон ва падари Юсуф ба Миср аз дигар бахшҳои ин достон аст.

Ҳадафи сураи Юсуф баёни вилояти Худо нисбат ба бандагони бо ихлос ва ба авҷи иззат расондани онон дар сахттарин шароит дониста шудааст. Ин дар сурате аст, ки мӯъминон ба яқин ва итминони қалбӣ расида бошанд ва дар баробари сахтиҳо ва мушкилот сабур бошанд.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири Аламизон ҳадафи аслии сураи Юсуфро баёни чигунагии вилояти Худованд нисбат ба инсонҳои пок ва бо имон дониста ва мӯътақид аст касе, ки ба Худо имони воқеӣ дошта бошад, Худованд низ ӯро дар сахттарин шароит ба авҷи иззат ва бузургӣ хоҳад расонд.

Аз муҳиммтарин натоиҷе, ки аз ин сура бардошт мешавад, даъват ба сабр ва истиқомат дар баробари мушкилҳо ва сахтиҳо ва парҳезкорӣ дар баробари лаззатҳои дунявӣ аст. Дар ин сурат аст, ки Худованд ваъда дода, ки подоши некӯкорон ва бандагони шоистаро хоҳад дод.

Калидвожаҳо: Қуръони Карим, сураҳои Қуръон, Юсуфи набӣ, сураи Юсуф, Миср, сабр, имон, натиҷаи имон ба Худо

captcha