Ба гузориши ИКНА, чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон бо баргузории маросими ифтитоҳияе расман оғоз шуд ва ба муддати як ҳафта Эрони исломӣ мизбони 99 қорӣ ва ҳофизи Қуръони Карим аз 44 кишвари дунё дар ду гурӯҳи бонувон ва оқоён ва ду бахши донишомӯзӣ ва бузургсолон хоҳад буд.
Масъулони ситоди баргузории мусобиқот илова бар баргузории рақобат байни қориён ва ҳофизон, барномаҳои ҷанбии мутанаввие низ дар назар гирифтаанд то ширкаткунандагон дар поёни ин рӯйдод бо ошноӣ бештаре Эрони исломиро тарк кунанд.
Бар ҳамин асос дар аввалин рӯз ва баъд аз баргузории маросими ифтитоҳия ва дар субҳи рӯзи ҷумъа ширкаткунандагон дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (ра) ҳозиршуданд.
Рӯзи шанбе 28 баҳманмоҳ низ дар навбати субҳ боздид аз боғмузаи дифои муқаддас барномарезӣ шудааст. Боздид аз ҳусайнияи Ҷаморон дар рӯзи якшанбе 29 баҳман ва боздид аз бурҷи Мелод дар рӯзи душанбе 30 баҳманмоҳ аз дигар барномаҳои ҷонибӣ аст.
Чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон то дуввуми баҳманмоҳ дар Салони иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ баргузор мешавад.
Ин мусобиқот ҳар рӯз аз соати 9 то 21 шаб дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад.