Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Ал-Ҷазира, дар асри 19, писарбачае дар Нидерланд, дар хонаводае ба дунё омад, ки гузаштааш бо гирифторӣ ба бадномӣ ва фирор олуда буд. Номи ӯ Кристен Снӯк Хургрония буд — ва ин ном баъдтар ба яке аз номҳои баҳсбарангезтар дар таърихи шарқшиносии Ҳолланд табдил ёфт.
Кристен Снӯк Хургрония соли 1857 дар шаҳри Устерхаут (ҷануби Нидерланд) таваллуд ёфта, соли 1874 таҳсилоти худро дар факултаи илоҳиёт дар Донишгоҳи Лайден оғоз кард.
Соли 1880, рисолаи доктории худро бо мавзӯи "Маросимҳо ва ҷашнҳои Макка" навишт ва соли 1881 дар маркази омӯзишии хидмати мустамликавии Нидерланд ҳамчун устод ба кор шурӯъ кард. Аз ҳаминҷо шавқи ӯ ба фарҳангҳои арабӣ ва исломӣ оғоз шуд.
Вай забони арабиро хуб медонист, ва маҳз ҳамин маҳорат ӯро сазовори як миссияи нодир ва махфӣ аз сӯи давлатҳои Ғарб гардонд: рафтан ба Макка ва Мадина бо либоси мусалмонӣ, барои омӯзиши зиндагонии мусалмонон аз наздик.
Аз ҷавонӣ, ӯ ба илоҳиёт ва забони арабӣ алоқаманд буд, аммо дертар ошиқи ҷаҳони Ислом гардид. Барои ворид шудан ба муҳити Макка, ӯ номи "Абдулғаффор Лайдони"-ро (баргирифта аз номи шаҳри Лайден) қабул кард.
Ӯ бо либоси ҳоҷиён ба Макка рафт, дар миёни мардум зиндагӣ кард, пинҳонӣ акс гирифт, ҳатто аз Каъба, ва ҳувияти аслии худро махфӣ нигоҳ дошт. Ин сафар бештар ба афсонаҳои ҷосусӣ шабоҳат дошт, на кори як олими донишгоҳӣ.
Санаи 28 августи соли 1884, Снӯки 27-сола барои як миссияи дугона ба Ҷидда расид:
таҳқиқоти илмӣ
ҷосусӣ барои давлати Нидерланд.
Мақсади асосии ӯ — назорат кардани ҳоҷиён аз Индонезия ва муоширати онҳо бо уламои Макка буд. Зеро мақомоти Ҳолланд хавф доштанд, ки мабодо ҳоҷиён баъд аз бозгашт ба ватан, шӯришҳои зидди мустамлика роҳандозӣ кунанд.
Барои аз байн бурдани шубҳа, Хургрония на танҳо ном иваз кард, балки барои худ ғуломе гирифт, ки дар замон он рамзи сарват ва садоқат ба Ислом шуморида мешуд.
Ӯ бо эҳтиёт ва диққати зиёд маросимҳои мазҳабиро омӯхт, эътимоди ҳокими Макка, қозию уламоро ба даст овард. Дар 21 январи соли 1885, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Макка дода шуд. Ӯ ҳафт моҳ дар онҷо монд, дар намозҳо ширкат варзид, бо уламову мардум мулоқотҳо дошт.
Ӯ як камераи 4-килоӣ дошт ва бо он аз Каъба, Масҷидулҳаром ва кӯчаҳои шаҳр аксҳои пинҳонӣ мегирифт. Ҳамчунин, аввалин сабти овозӣ аз тиловати Қуръон (Сураи Зӯҳо) низ маҳз аз ҷониби ӯ дар дохили Масҷидулҳаром сабт шудааст.
Ҳамаи ин маълумот ва аксҳоро ӯ ба китобхонаи Донишгоҳи Лайден фиристод — ки дертар ба манбаи беназир дар бораи ҳаёти Маккаи он замон табдил ёфт.
Ба дараҷае симои худро хуб тағйир дода буд, ки мардум ӯро як мусалмони ҳақиқӣ мепиндоштанд. Аммо, дар асл, ин “Абдулғаффор” як олими пурмаҳорат набуд, балки як ҷосуси шарқшинос буд, ки ҳама чизро зери назорат дошт.
Хургрония равобити байни мусалмонон ва давлатҳои мустамлика-ро дар чаҳорчӯби мафҳумҳои исломӣ мисли Дорул-Ислом (сарзамини исломӣ) ва Дорул-Ҳарб (сарзамини ҷанг) таҳлил мекард.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое мисли Ҳинди Бритониё ё ҷазираҳои Ҳинди Шарқӣ аз лиҳози мазҳабӣ дар қаламрави Дорул-Ислом қарор доранд, вале зирави ҳукумати ғайримусалмон ҳастанд.
Вай, ба фарқ аз баъзе таҳлилгарони ғарбӣ, бовар дошт, ки шӯришҳо бар асоси мазҳабро наметавон пурра “ғайришаръӣ” номид. Ӯ мегуфт:
«Фатвоҳо ва қонунҳои шариатро наметавон бо забони сиёсӣ содда кард. Мусалмонон вобаста ба шароит ва тавоноии худ метавонанд муқовимат нишон диҳанд.»
Пас аз бозгашт аз Макка, Хургрония мушовири ҳукумати Ҳолланд дар Индонезия гардид ва дар ҷанги Ачех (солҳои 1914–1973) нақши калидӣ бозид.
Вай аз донишаш дар бораи фарҳанги исломӣ барои наздик шудан ба элитаи маҳаллӣ, коҳиши муқовимат ва ҷилавгирӣ аз шӯришҳои ошкор истифода кард. Ӯ бар ҷосусии пинҳонӣ ва идораи фикрии элита такя мекард, на бар зӯру шиканҷа.
Дертар ба Лайден баргашт, дар донишгоҳ дарс дод, ва забонҳои арабӣ, ачеҳ ва омӯзиши исломиро тадрис кард. Таҳқиқоти ӯ боис шуд, ки дар ҷаҳон ба як манбаи асосии илмӣ дар бораи Ислом ва Шарқ табдил ёбад.
Кристен дар хонаводаи калисоӣ, вале пур аз ҷанҷолу шарм ба дунё омада буд. Падараш — як рӯҳонӣ — бо духтари рӯҳонии дигар фарор кард, модари ҳомилаашро танҳо гузошт. Хургрония дар сояи айб ва гуноҳ бузург шуд. Аввал ба илоҳиёт рӯ овард, баъд ба забони арабӣ ва дини Ислом — ва гӯё ба ҷустуҷӯи ҳувияти нав пардохт.
Маросими дафни ӯ пур аз шигифт буд:
Ӯ бо расму ойини исломӣ, дар қабри оддӣ, бе ҳузури ҳамсар ва духтараш ба хок супурда шуд.
4305383