Оёти бисёре аз Қуръони Карим таъкид мекунад, ки ҳаёти ҳақиқии инсон дар натиҷаи пазириши даъвати Паёмбарон аст. Аз ҷумла мефармояд: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ; “Эй аҳли имон! Ҳангоме, ки Худо ва Паёмбараш шуморо ба ҳақоиқе, ки ба шумо ҳаёти [воқеӣ] мебахшад, даъват мекунанд, иҷобат кунед”. (Сураи Анфол, ояти 24). Мақсуд аз ҳаёте, ки дар натиҷаи истиҷобати даъвати Паёмбар(с) ҳосил мешавад ҳаёти ҳайвонӣ нест, балки ҳаёт аст, ки бо фаол шудани зарфиятҳои ақлонӣ, маънавӣ ва ҳақиқии инсон ҳосил мешавад.
Қуръони Карим афродеро, ки алорағми доштани имконоти ақлонӣ ва маънавӣ дар ниҳоди худ, аз имон ва маърифати илоҳӣ бебаҳра монданд ва бо бетафовутӣ, беақлӣ ва шаҳватронӣ бо оёт ва неъматҳои илоҳӣ бархурд мекунанд, дар сатҳи ҳаёт монанди чаҳорпоёне медонад, ки табиатан ҳадди баҳраи онон аз зиндагии дунё хурдан ва хобидан аст ва албатта бадтар медонад, чаро ки чоҳорпоён тавонои дарки сатҳи болотарро надоранд вале инсонҳо худро аз он маҳрум карданд.
Қуръони Карим мефармояд: وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لَا يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَا يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لَا يَسْمَعُونَ بِهَا أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ; “Ва мусалламан бисёре аз ҷинён ва одамиёнро барои дӯзах офаридаем [зеро] ононро дилҳое аст, ки ба василаи он [маорифи илоҳиро] дар намеёбанд ва чашмоне аст, ки тавассути он [ҳақоиқ ва нишонаҳои ҳаққро] намебинанд ва гӯшҳое аст, ки ба василаи он [сухани Худо ва Паёмбаронро] намешнванд, онон монанди чаҳорпоёнанд балки гумроҳтранд; Инонанд, ки бехабар ва ғофил [аз маориф ва оёти Худо] янд”. (Сураи Аъроф, ояти 179).
Бинобар ин инсони бидуни имон ва маърифат гӯё мурдааст. Ҷинсият, син, нажод ва мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ тафовуте дар асли ҳаёти инсонӣ бози намекунад. Ҳаргоҳ ин имон бо аъмоле аз инсон (чӣ мард ва чӣ зан) зуҳур ёбад, аввалин иттифоқ ин аст, ки ӯ ба ҳаёти тййиба мерасад: مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى وَ هُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَيَاةً طَيِّبَةً وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ; “Аз мард ва зан, ҳар кас кори шоиста анҷом диҳад дар ҳоле, ки муъмин аст, мусалламан ӯро ба зиндагии пок ва покизае зинда медорем ва подошашонро бар пояи беҳтарин амале, ки ҳамвора анҷом медодаанд, медиҳем”. (Сураи Наҳл, ояти 97). «Ҳаёти пок» мартабае аз зиндагӣ аст, ки инсон дили ором ва рӯҳи муъмин дорад, машмули таъйидоти илоҳӣ ва дуои фариштагон аст ва хавф ва ҳузне надоранд.