Ба гузориши хабарнигории ИКНА, саранҷом бахши рақобати чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон шомгоҳи сешанбе 21 феврал бо иҷрои 13 финалист дар ду риштаи қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони Карим ба поён расид то алоқамандон ба Қуръони Карим дар интизори баргузории маросими ихтитомия ва муаррифии қаҳрамонони қуръонӣ, шаби пур интизор ва пур изтироберо ба субҳ бирасонанд.
Қаҳрамононе, ки муаррифияшон ба унвони нафароти бартар яке аз бузургтарин ва қадимитарин рақобатҳои қуръонӣ, масъулияти онҳо дар арсаи таблиғ ва тарвиҷи Қуръони Карим дар диёри худро басе душвортар мекунад. Ин рутба тӯшаи пурбор аз Эрони исломӣ барои онҳо хоҳад буд, ки ҳассосият ва масъулияти хидматгузории онҳо дар баробари каломи ваҳйро садчандон мекунад.
Охирин рӯзи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар навбати субҳ бо баргузории севумин маросими хайроти ҳиссон ва бо ҳузури ҳамсари раиси ҷумҳури Эрон баргузор шуд. Дар ин маросим аз нафароти аввали мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар бахши донишомӯзӣ ва бузургсолон таҷлил ба амал омад.
Аммо бахши рақобати мусобиқот дар рӯзи поёнӣ дар як навбат баргузор шуд ва тайи он қориён ва ҳофизони финалист аз соати 15 то 21 оёте аз каломуллоҳи маҷидро дар ҳузури афроди зиёде аз алоқамандон ба каломи ваҳй тиловат карданд.
Дар ин рӯз ибтидо мусобиқот дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим баргузор шуд, намояндаи кишвари Эрон дар ин рӯз дар савт ва лаҳн ва вақф ва ибтидо амалкарди хубе дошт, дар канори ӯ намояндагони Русия ва Алҷазоир низ ба лиҳози савтӣ ва лаҳнӣ беҳтар аз бақия буданд. Намояндагони Арабистон, Сурия ва Фаластин низ ҷузъи ширкаткунандагони бо кайфияти ин давра аз мусобиқот буданд, ки гумоназаниҳо дар мавриди касби яке аз рутбаҳои бартар аз сӯи ин афрод дар поёни финали мусобиқот, доғ буд.
Дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим Умедризо Раҳимӣ, ҳофизи равшандили Қуръони Карим ва намояндаи кишварамон дар ин мусобиқот ба унвони севумин нафар иҷро кард. Иҷрое, ки шояд битавон онро дар зумраи яке аз се иҷрои бартари ин мусобиқот ба ҳисоб овард.
Мусобиқоти риштаи қироати таҳқиқ аз соати 19 оғоз шуд ва то ҳудуди соати 21 идома дошт. Дар ин бахш Ҳодии Асфидонӣ намояндаи кишвари Эрон дар ин мусобиқот чаҳорумин нафаре буд, ки ба рӯи ҷойгоҳ рафт. Асфидонӣ бо тиловати мондгоре, ки аз худ ба ёдгор гузошт ҳамаро ба ин яқин расонд, ки рутбаи аввали тиловат наметавонд ба касе ҷуз ӯ бирасад.