Даҳҳо оят аз Қуръони Карим масъалаи зуҳури мунҷиро матраҳ мекунанд, ки бишорат бар эҷоди як ҳукумати воҳиди ҷаҳонӣ медиҳад. Аз ҷумла Қуръони Карим мефармояд: وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ; “Ва ба яқин, дар Забур, китоби осмонии Довуд, пас аз Таврот, он ёдвораии илоҳӣ навиштем, ки заминро аз ширк ва гуноҳ пок хоҳем сохт ва бандагони шоистаи ман онро ба ирс хоҳанд бурд”.
(Анбиё, ояти 105).
Мавзӯе, ки Худои ҷаҳонофарин дар ду китоби осмонӣ зикр карда ва онро бо таобири назири «لقد» ва «انّ» мавриди таъкид қарор дода, шоистааст, ки мавзӯи асосӣ, ҳассос ва дар ниҳоят пураҳамият бошад. Варосат ба маънои интиқоли мол бидуни анҷоми муомила аст; Мурод аз варосати замин ин аст, ки салтанат бар манофеъ, аз дигарон ба солеҳон мунтақил шавад ва баракоти зиндагӣ дар замин мухтаси ишон шавад. Агар чӣ баракоти ухровӣ низ танҳо ба онон ихтисос дорад, вале дар ин оят таъкид мекунад, ки тамоми баракоти дунявии замин ба онон мерасад.
Ин ки дар миёни кутуби осмонӣ, танҳо аз ин ду китоб ном бурда шуда, мумкин аст ба ин хотир бошад, ки ҳазрати Довуд яке аз бузургтарин паёмбароне буд, ки ташкили ҳукумати ҳақ ва адл дод ва бани Исроил низ қавми мустазъафе буд, ки бар зидди мустакбирон қиём кард вориси сарзамин онҳо шуданд.
Масъалаи дигар инки «бандагони солеҳи Худованд» дар ояӣ чӣ касоне ҳастанд? Бо таваҷҷуҳ ба густараи маънои «صالحون», тамоми шоистагиҳо ба зеҳн мутабодир мешавад; Шоистагӣ аз назари амал, аз манзари илм ва огоҳӣ, аз лиҳози қудрат ва қувват, ба эътибори тақво ва имон, аз ҷанбаи тадбир, назм ва дарки иҷтимоӣ. Бинобар ин танҳо «мустазъаф будан» далел бар пирӯзӣ бар душманон ва ҳукумати рӯи замин нест; Мустазъафони ҷаҳон модоме, ки ин ду асли имон ва шоистгиҳоро эҳё ва талфиқ накунанд, ба ҳукумат нахоҳанд расид.
Ҳангоме, ки бандагони боимон ин шоистгиҳоро барои худ фароҳам созанд, Худованд низ ононро ёрӣ мекунад то дастҳои мустакбирон аз ҳукумати заминро кӯтоҳ кунанд ва меросдори ҳукумат гарданд. Бинобар ин дастёбии муъминон ба анвои шоистгиҳо, сарнагунии ҳукумати фосидон ва ҷонишинии онон танҳо бо имдоди азими илоҳӣ ва зуҳур ва инқилоби мунҷӣ аз Оли Оасул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шуданӣ аст.