Ба гузориши ИКНА, фардои нимаи Шаъбон, солрузи мелоди инсоне аст, ки ба хости Худо ва барои маслиҳати башарият, ҳай ва ҳозир ва мунтазир бар рӯи ҳамин замине, ки ҳар рӯз ва шаб мо бар рӯи он қадам мегузорем зиндагӣ мекунад ва ин яъне манбаи умед, сарвар ва шодӣ. Имоммон дар канори мост ва агар мо ҳиҷоби чашмҳо ва қалбҳоямонро бардорем, метавонем ҳамнишин ва ҳамсӯҳбат ва ҳамрози ниҳоитарин умеди башарият шавем.
Шаби нимаи моҳи Шаъбонро ҳампо ва ҳамтои шаби Қадр донистаанд.
Аъмоли тавсия шудаи шаби нимаи Шаъбон
Аввал: ғусл кардан, ки сабаби тахфифи гуноҳон аст.
Дуввум: шаб зиндадорӣ ба намоз ва дуо ва истиғфор, чунонки имом Зайнулобидин (а) анҷом медоданд ва дар ривоят омада: ҳар кас ин шабро ба розуниёз ва ибодат бипардозад дили ӯ намирад дар рӯзе, ки дилҳо бимиранд.
Севвум: зиёрати имом Ҳусайн (а), ки афзали аъмоли ин шаб аст ва боиси омурзиши гуноҳон аст ва ҳар кас майл дорад то арвоҳи садубистучаҳор ҳазор Паёмбар бо ӯ дасти ошноӣ диҳанд, дар ин шаб, имом Ҳусайн (а)-ро зиёрат кунад.
Камтарин ҳадди зиёрати он ҳазрат он аст, ки бар болои боме барояд ва ба ҷониби рост ва чар бингарад, сипас сар ба сӯи осмон бардорад ва бо ин калимот ҳазратро зиёрат кунад. السَّلامُ عَلَیْکَ یَا أَبا عَبْدِاللّٰه، السَّلامُ عَلَیْکَ وَرَحْمَةُ اللّٰه وَبَرَکاتُهُ. Дуруд бар ту эй Або Абдиллаҳ, дуруд ва раҳмат ва баракоти Худо бар ту; Ва ҳаркас дар ҳар куҷо, ки бошад ва дар ҳар замон он ҳазратро ба ин шева зиёрат кунад, умед аст, ки подоши ҳаҷ ва умра барои ӯ навишта шавад.
Чаҳорум: дуоиеро бихонад, ки Расули Акрам (с) дар ин шаб мехонданд: اللّٰهُمَّ اقْسِمْ لَنا مِنْ خَشْیَتِکَ مَا یَحُولُ بَیْنَنا وَبَیْنَ مَعْصِیَتِکَ، وَمِنْ طاعَتِکَ مَا تُبَلِّغُنا بِهِ رِضْوانَکَ، وَمِنَ الْیَقِینِ مَا یَهُونُ عَلَیْنا بِهِ مُصِیباتُ الدُّنْیا. اللّٰهُمَّ أَمْتِعْنا بِأَسْماعِنا وَأَبْصارِنا وَقُوَّتِنا مَا أَحْیَیْتَنا وَاجْعَلْهُ الْوارِثَ مِنَّا، وَاجْعَلْ ثارَنا عَلَیٰ مَنْ ظَلَمَنا، وَانْصُرْنا عَلَیٰ مَنْ عادانا، وَلَا تَجْعَلْ مُصِیبَتَنا فِی دِینِنا، وَلَا تَجْعَلِ الدُّنْیا أَکْبَرَ هَمِّنا وَلَا مَبْلَغَ عِلْمِنا، وَلَا تُسَلِّطْ عَلَیْنا مَنْ لَایَرْحَمُنا، بِرَحْمَتِکَ یَا أَرْحَمَ الرَّاحِمِینَ; "Худоё, аз хашйятат чунон насиби мо кун, ки байни мо ва нофармонии ту ҳоил шавад ва низ аз тоатат насиби мо кун, ки моро ба хушнудиат бирасонад ва аз яқин ба андозае, ки гирифториҳои дунёро бар мо осон созад, Худоё моро ба гӯшҳоиямон ва дидагонамон ва неруямон то гоҳе, ки моро зинда медорӣ баҳраманд гардон ва онро вориси мо қарор бидеҳ ва интиқоми моро бар ӯҳдаи касе қарор деҳ, ки бар мо ситам раво дошта ва моро бар зидди касе, ки бо мо душманӣ варзида ёрӣ деҳ ва мусибати моро дар дини мо қарор надеҳ ва дунёро бузургтарин андеша ва ниҳояти дониши мо қарор надеҳ ва онро, ки ба мо раҳм намекунад бар мо чира макун, ба меҳрубониато эй меҳрубонтарини меҳрубонон".
Ин дуо, дуои ҷомеъ ва комиле аст, ки хондани он дар авқоти дигар ҳам ғанимат аст ва аз китоби «Ғаволил Олӣ» чунин ривоят шуда:, ки Расули Худо ҳамвора ин дуоро мехонданд.
Панҷум: бихонад «салавоти ҳар рӯз»-ро, ки ҳангоми завол (ҳангоми зӯҳури шаръӣ) мехонад: اللّٰهُمَّ صَلِّ عَلیٰ مُحَمَّدٍ وَآلِ مُحَمَّدٍ شَجَرَةِ النُّبُوَّةِ، وَمَوضِعِ الرِّسالَةِ، وَمُخْتَلَفِ الْمَلائِکَةِ.
Шашум «дуои Кумайл»-ро бихонад, ки вурудаш дар ин шаб аст ва ин дуо ба таври комил дар боби аввал гузашт.
Ҳафтум: ҳар як аз зикрҳои «سُبْحانَ اللّٰه» ва «الحَمْدُ للّٰه» ва «اللّٰه أَکْبَر» ва «لَا إِلٰهَ إلَّااللّٰه»-ро «сад мартаба» бигӯяд то Худованд тамоми гуноҳони гузаштаи ӯро биёмурзад ва ҳоҷатҳои дунё ва охирати ӯро бароварад.
Ҳаштум: 4 зикри тавсия шудаи шаби нимаи Шаъбон
«سُبْحانَ اللّهِ، الْحَمْدُلِلّهِ، اللّهُ اَكْبَرُ وَ لا اِلهَ اِلا اللّهُ» сад мартаба аз тавсияшудатарин азкор барои шаби мелоди ҳазрати Маҳдӣ (Алайҳиссалом) аст.
Аъмоли рӯзи нимаи моҳи Шаъбон:
Дар рӯзи нимаи моҳи Шаъбон ҳам мустаҳаб аст, зиёрати он ҳазрат дар ҳар замон ва макон ва дар ҳар ҷо ва дуо барои таъҷили зуҳур. Ба хусус таъкид шуда ба зиёрати ишон дар сардоби Сомиро ва дуо барои зуҳури он ҳазрат, ки фармонравоияш мусаллам аст, ки заминро пур аз адлу дод кунад, чунон чи пур шуда бошад аз ситам ва бедодгарӣ.
Манобеъ: китоби Мафотеҳул-ҷинон ва китоби Ал-Муроқибот, саҳ 192 ва 193.