Ба гузориши манобеи хабарӣ, маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Алҷазира, воқеъ дар минтақаи Муҳаммадия пойтахти Алҷазоир рӯзи гузашта, бо ҳузури Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ баргузор шуд ва ба баҳрабардорӣ расид.
Вай пеш аз ифтитоҳи ин масҷиди бузург ба тамошои филми мустанаде аз ин бинои мазҳабӣ, илмӣ ва гардишгарӣ пардохт.
Ин масҷид, ки пас аз Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ, севумин масҷиди бузурги ҷаҳон ба шумор меравад, биное аст бо меъмории модерн, ки дар замини ба масоҳати ҳудуди 28 гектар сохта шудааст.
Меъмории дохилии масҷид ба сабки андалусӣ бо тазъиноти чубӣ ва санги мармар аст, ки ҳудуди 6 километр аз оёти Қуръон бар рӯи он хатотӣ шудааст.
Масҷиди ҷомеи Алҷазоир гунҷоиш 120 ҳазор намозгузорро дорад ва минораи он ба тули 267 метр, баландтарин минораи ҷаҳон ба шумор меравад. Ин масҷид бо доро будани як китобхонаи бузург, ба як маркази омӯзиши улуми динӣ ва қуръонӣ ва таҳқиқотӣ дар ин кишвар табдил шудааст.
Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳури Алҷазоир дар боздид аз музаи тамаддуни исломӣ воқеъ дар табақаи бисту севуми минораи масҷиди ҷомеи Алҷазира, пойтахти ин кишвар, бар ҳимояти худ аз фаъолиятҳои ин марказ ва дорулқуръони Алҷазоир таъкид кард.
Табун аз бахшҳои мухталифи ин муза, ки мароҳили муҳимме аз таърихи Исломи Алҷазоирро ривоят мекунад, боздид кард. Ин бахшҳо шомили кутуб, мукотибот ва васоили шахсии уламо ва шахсиятҳои Алҷазоир дар мароҳили мухталифи таърихӣ аст.
Илова бар ин шуморе аз нусахи таърихи Қуръони Карим, ки дар ин кишвар китобат шуда дар канори нусхаҳои хаттӣ аз китобҳои мухталиф дар заминаи улуми динӣ дар ин намоишгоҳ ба намоиш даромадааст.
Вай ҳамчунин аз доролуқуръони Алҷазоир, ки мадрасаи олии улуми исломӣ аст низ боздид кард. Ин мадраса дар бузургтарин маркази динии Қорраи Африқо воқеъ шудааст.