Ба гузориши Алҷазира, ин мусҳафи хаттии таърихӣ дорои тазҳиб ва тазъини хиракунанда ва бо мушк ва заъфарон китобат шудааст.
Самир Закӣ Немер, раиси маркази ҳифз ва эҳёи нусхаҳои хаттии идораи авқофи исломии Қудси шариф дар мусоҳибае ҷузъиёти ин мусҳафи таърихии арзишманд ва наҳваи вуруди он аз Марокаш ба Қудси шарифро шарҳ додааст.
Ба гуфтаи вай достони «Рабъа Мағрибӣ» ба соли 745 ҳиҷрии қамарӣ бармегардад. Ин мусҳаф нусхае аз Қуръони Карим аст, ки султон Алӣ Абулҳасан Ал-Муринӣ, подшоҳи вақти Марокаш онро ба дасти худ китобат ва ба Масҷидулақсо ҳадия кардааст.
Вай афзуд: номи ин мусҳаф (Рабъа) аз ҷаъбаи нигаҳдорндаи он гирифта шудааст. Ин ҷаъба мураббаъи шакл аз чуби обнӯс сохта шуда, ки бо нуқраи рангӣ тазъин шудааст ва ба чанд қисмат тақсим мешавад. Си ҷузъи Қуръони Карим дар бахшҳои мухталифи ин ҷаъба нигаҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи Самир Немнр ҳар сафҳа аз ин мусҳафи таърихӣ ҳовии 5 сатр аст ва оёти шарифи Қуръон бо мушк ва заъфарон китобат шудааст. Ин нусха ҳамчунин бо нақваш ҳандасӣ ва гул ва гиёҳ ба ранги заррин тазъин шудааст.
Ба гуфтаи раиси идораи маркази ҳифз ва эҳёи нусхаҳои хаттӣ, Қуръони мавҷуд дар Масҷидулақсо яке аз панҷ мусҳаф аз ин навъ аст, ки султон Алӣ Абулҳасан Ал-Муринӣ, султони Марокаш онро ба дасти худ китобат карда ва ҷилди он низ аз чарми табиӣ аст.