Ба гузориши пойгоҳ хабарии «Алҷазира», ин нишасти изтирорӣ бо ҳадафи баррасии авоқиб ва паёмадҳои куштори Фаластиниён маъруф ба «Куштори Орд» , ки дар шимоли шаҳри Ғазза барои дарёфти кумакҳои башардӯстона ҷамъ шуда буданд, баргузор шуд.
Нишасти изтирории Шӯрои Амният ба дархости Алҷазоир баргузор шуд ва дар он Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид хостори судури қатъномае барои оташбас дар Навори Ғазза шуд.
Вай ба хабарнигорон гуфт: ин куштори ваҳшёна нишон медиҳад, ки то замоне, ки Шӯрои Амният фалаҷ аст ва ҳаққи вето эъмол мешавад, Фаластиниён бо ҷони худ товони онро медиҳанд.
Риёз Мансур бо баёни инки Шӯрои Амният бояд бигӯяд бас аст, идома дод: агар онҳо шаҳомат ва ирода барои ҷилавгирӣ аз такрори ин кушторҳоро доранд, бидонанд он чи мо ниёз дорем оташбас аст.
Аз сӯи дигар, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ шоки худро аз ин ҳаводис иброз ва онҳоро маҳкум кард ва таҳқиқоти мустақили муассир барои таъйини шароити иттифоқ афтода ва масъулони он шуд.
Бар асоси ин гузориш, Алҷазоир пешнависи баёнияи риёсатеро ба мизи Шӯрои Амният ироа кард, ки дар он 15 узв Шӯро нигаронии амиқи худро дар мавриди он чи иттифоқ афтода иброз карданд.
Бар асоси ин матн, пешнависи баёнияи масъулияти он чи иттифоқ афтодаастро бар уҳдаи неруҳои саҳюнист, ки оташ гушӯданд, медонад, аммо матне тасвиб нашуд, зеро баёнияҳои риёсат танҳо ба иттифоқи оро таъйид мешаванд.
Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Милал пас аз ин нишаст гуфт: 14 узв аз матни ҳимоят карданд, дар ҳоле, ки як манбаъ дипломатик эълом кард, ки Амрико ба он раъйи манфӣ дод, чароки аз муқассир донистани режими саҳюнистӣ дархсуси он чи рух дода худдорӣ кард.
Ишғолгарони саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе ба самти ҳазорон шаҳрванди Фаластиние, ки дар минтақаи «Шайх Аҷлин» воқеъ дар ғарби Ғазза мунтазири расидани камюнҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона буданд, шиллик карданд, ки бар асоси охирин омор, 109 нафар шаҳид ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.