Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "National", девони олии Арабистони Саудӣ аз мардуми ин кишвар хостааст то моҳи Зулҳиҷҷаро мушоҳида кунанд ва онро гузориш кунанд.
Додгоҳи олии Арабистон дар баёнияе хостори рӯъяти моҳ дар рӯзи якшанбе 18 июн шуд.
Аз касоне, ки моҳро бо чашми ғайри мусаллаҳ ё бо дӯрбини дучашм мебинанд, дархост шуда онро ба наздиктарин додгоҳ гузориш ва шаҳодати худро сабт кунанд.
Маркази байналмилалии Нуҷум Иморот ҳам эълом кард, ки интизор меравад аввалин рӯзи иди Қурбон барои аксари кишварҳои исломӣ 28 июн бошад. Ин таърих дар Иморот тавассути кумитаи расади моҳ таъйид хоҳад шуд. Эъломияи ин маркази нуҷум тавассути хабаргузории давлатии ин кишвар "Wam " гузориш шудааст.
Мавсими ҳаҷҷи имсол қарор аст аз 26 июн оғоз шавад ва интизор меравад беш аз ду миллион зоир барои зиёрати имсол ба шаҳри муқаддаси Макка дар Арабистони Саудӣ бираванд. Ин зиёрат се рӯз тӯл мекашд ва бисёре аз зоирон, муддати иқомати худро барои иқомаи намоз ва зиёрати амокини муқаддаса дар шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина ба муддати як ҳафта тамдид мекунанд.