IQNA

Вокунишҳо ба ҷинояти куштори даҳҳо фаластинии ҳозир дар навбати дарёфти ғизо

6:48 - March 02, 2024
рақами хабар: 1152
ИКНА - Дабири кулли СММ, Шӯрои Амният, неруи Ансоруллоҳи Яман, раёсатҷумҳурӣ ва Вазорати хориҷаи Фаронса ба бомбаборони даҳҳо нафар аз фаластиниён дар шимоли Навори Ғазза дар навбати дарёфти ғизо вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳамлаи ҳавоии режими Исроил ба фаластиниён ба ҳангоми дарёфти ғизо ва кумакҳои инсонӣ боиси шаҳид шудани 112 нафар ва захмӣ шудани беш аз 700 тани дигар шуд, ки ин ҷинояти саҳюнистҳо, вокуниши дохилӣ ва хориҷиро дар пай дошт ва Ансоруллоҳи Яман, Созмони Милал, Шӯрои Амният ва Фаронса ба он вокуниш нишон доданд.

Фаронса: Ғайри қобили тавҷеҳ аст

Вазорати хориҷаи Фаронса эълом кард, ки иқдоми низомиёни режими Исроил дар тирандозӣ ба самти ғайринизомиён дар Ғазза, ки ба дунболи ғизо ҳастанд, ғайриқобили тавҷеҳ аст ва ниёз ба оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза барои вуруди кумакҳои инсонӣ ба ин минтақа мебошад.

Раисҷумҳури Фаронса низ дар вокуниш ба ин ҷиноят гуфт, ки аз дидани тасовири нашршуда аз Ғазза, ки ғайринизомиёни Ғазза аз сӯи низомиёни Исроил ҳадаф қарор гирифтаанд, хашмгин мешавам. Авзоъ фоҷиа бор аст ва бояд аз ғайринизомиён ҳифозат кард ва оташбаси фаврӣ ба бо ҳадафи тақсими кумакҳои инсонӣ барқарор шавад.

Ансоруллоҳи Яман низ ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғаззаро маҳкум кард

Дафтари сиёсии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман тайи баёнияе шаҳодати 112 фаластинӣ ва захмӣ шудан 700 нафар ҳини тақсими кумакҳои инсонӣ дар Навори Ғазза ба дасти саҳюнистҳоро маҳкум карду гуфт, ки ин ҷинояти ваҳшиёна далели дигаре бар сатҳи ваҳшигарӣ ва кинаи саҳюнистҳост.

Ансоруллоҳи Ямани ҷиноятҳои саҳюнистҳоро нанге бар пешонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ донист, ки дам аз қонуни байналмилал ва ҳуқуқи башар мезананд.

Ансоруллоҳи Яман зимни даъват аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ ва озодаи ҷаҳон барои пазириши масъулияти худ дар баробари ҷиноятҳои режими Исроил дар Ғазза, таъкид кард, ки ветоҳои Амрико алайҳи дархостҳо барои таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза далелест бар ин ки Вашингтон барои ҳимоят аз ҷиноятҳои Исроил пӯшиши сиёсӣ эҷод мекунад.

Гутерриш хостори таҳқиқ дар мавриди ҳамла ба ғайринизомиён дар Ғазза шуд

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба шаҳодати 112 нафар аз фаластиниён хоҳони кумаки инсонӣ дар шимоли Ғазза шуду гуфт: “Кушта шудани 100 нафар аз ниёзмандон ба кумаки инсонӣ дар Ғазза, ниёзманди анҷоми таҳқиқоти мустақил ва таъсиргузор аст.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният дар бораи куштор дар шимоли Ғазза

Шӯрои Амният дар робита ба шаҳодати беш 100 фаластинӣ ва бо ҳадафи баррасии паёмадҳои ин куштори дастаҷамъӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард.

Нишасти изтирории Шӯрои Амният бо дархости Алҷазоир баргузор шуд, ки дар он Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид хостори нашри қатънома барои оташбас дар Навори Ғазза шуд.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт: Ин куштори ваҳшиёна нишон медиҳад, ки то замоне, ки Шӯрои Амният фалаҷ аст ва аз ҳаққи вето истифода мешавад, фаластиниҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

https://tajikpress.com/2024/03/01/

captcha