Ба гузориши манобеи хабарӣ, идораи авқофи Искандарияи Миср дар чорчуби талошҳои вазорати авқофи ин кишвар барои хидмат ба Қуръони Карим ва мардум ва ҳамсу бо иҷрои дастуроти вазир мабнӣ бар тавсеаи фаъолитҳои қуръонӣ ба роҳандозии корвони таблиғии тарвиҷи вижаи моҳи мубораки рамазон иқдом кард.
Ин корвони қуръонии қориёни мисрӣ илова бар иҷрои маҳофили унси бо Қуръон дар масоҷиди Искандария дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон, курсии қуръонии намозҳои ҷумъаро низ бо ҳузури худ пурравнақ хоҳанд кард.
Шайх Салома, муовини вазорати авқофи Миср ҳамчунин бо ҳузури сарзада ба бархе масоҷид дар вақти азонгоҳи намози субҳ нисбат ба низофт ва омодагии ин масоҷид барои истиқбол аз моҳи мубораки рамазон ва иқомаи намозҳои ҷумъа итминон ҳосил кард.
Муовини вазири авқоф ба ҳамаи дастгоҳҳо иблоғ кард то нисбат ба пайгирии иҷрои дастуроти вазир дар хусуси барномаҳои ғуборрӯбӣ ва озинбандии масоҷид дар ростои омодагӣ барои истиқбол аз моҳи мубораки рамазон иқдомоти лозимро анҷом диҳанд