IQNA

Ҳунарманди тоза мусулмони австралияӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА:

Пойбандӣ ба фароизи динӣ набояд фидои ҷоҳталабиҳои зиндагии модерн шавад + филм

21:23 - March 05, 2024
рақами хабар: 1170
ИКНА - Зайнаби Саҷҷод бо баёни инки вижагиҳои аслии зани мусулмон, ҳифзи имон ва амал ба дин ва фидо накардани он барои аҳдофи дунявӣ аст тасреҳ кард: татбиқ бо мудернита то ҷое матлуб аст, ки имон ва арзишҳои динӣ мисли ҳиҷобро фидои ҷоҳталабиҳои зиндагии модерн накунем.

Ба гузориши ИКНА, Ислом дуввумин дини бузург дар Австралия аст. Бар асоси саршумории соли 2021 дар ин кишвар, маҷмӯъи афроде, ки дар ин кишвар худро мусулмон муаррифӣ карданд, 3,2 дарсад аз кулли ҷамъияти Австралияро ташкил медоданд.

Зайнаб Саҷҷод Алӣ Ҳайдар, яке аз тоза мусулмонони австралияӣ аст. Ӯ дар синни 15 солагӣ Ислом овард ва дар соли 2017 ба ташайюъ гаравид.

Ӯ, ки таҳсилкардаи риштаи улуми иҷтимоӣ аст ба ҳунари наққошӣ машғул аст ва аз соли 2009 кори ҳунарии худро оғоз кардааст. Ӯ аз иттилооти воқеӣ ва таърихӣ истифода мекунад то портретҳои худ аз мазомини диниро ба тасвир бикашад. Ин наққошиҳо зиндагии ӯро ба унвони як тоза мусулмон бозтоб медиҳад. Зайнаб аз соли 2018 ҳунари худро вақфи мавзӯъоти динӣ кардааст ва аз он замон токунун наққошиҳои худро дар саросари ҷаҳон ба фурӯш расондааст.

Зайнаби Саҷҷод, бонуи ҳунарманд австралияӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА аз таҷрибиёти худ ба унвони як тозамусулмон ва чолишҳое, ки бо он рӯбарӯ будааст сухан гуфт.

Чолишҳои занони мӯҳаҷҷаба дар Австралия

Зайнаби Саҷҷод дар посух ба ин савол, ки ба унвони як тоза мусулмон, ки дар як кишвари ғайри исломӣ зиндагӣ мекунад оё дар 9 соли гузашта ва пас аз гароиш ба Ислом, барои пӯшидани ҳиҷоб бо мушкил мувоҷеҳ шудааст гуфт: бале! Ман дар авҷи фаолияти ДИИШ мусулмон шудам ва дар шаҳри кӯчак зиндагӣ мекардам, ки ҷамъияти мусулмони андаке дошт, аммо тасовири ҷиноёти ДИИШ ҳамаҷо мунташир шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба инки расонаҳои ғарбӣ мусулмононро ба унвони як таҳдид ба тасвир мекашиданд, гоҳе авқот наметавонистем хонаро тарк кунем ва барои корҳои рӯзмрра берун биравем.

Таомул, калиди аз байн бурдани тасаввуроти нодуруст

Вай дар мавриди иқдомоте, ки кишварҳои ғайримусулмон барои пазириши фарҳанги ҳиҷоб ва аз байн бурдани тасаввуроти ғалат дар ҷавомеи худ метавонанд бикунанд гуфт: ман фикр мекунам ин баста ба ҳар кишваре мутафовит аст; Аммо масъалаи аслӣ аз байн бурдани маҳдудиятҳо ва табйини ҳақоиқ барои мардум аст. Мусулмонон як душмани тарснок ба назар мерасанд зеро ғариба ҳастанд. Ба маҳзи инки бо мардум муошират ва сӯҳбат кунед ва бо якдигар ошно шавед, ин ғарибагӣ аз байн меравад ва марзҳои сохта шуда дар азҳон шикаста мешавад.

Аҳамияти пойбандӣ ба дин дар дунёи модерн

Ин тозамусулмони австралияӣ дар мавриди вижагии аслӣ ва меҳвари занони мусулмон дар дунёи имрӯз гуфт: ба назари ман вижагиҳои аслии зани мусулмон, ҳифзи имон ва амал ба дин ва фидо накардани он барои аҳдофи дунявӣ аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), улгуи занони ҷаҳон

Зайнаби Саҷҷод дар бораи улгу гирифтан аз занони бузурги Ислом ба вижа ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) гуфт: фикр мекунам метавон аз ҳазрати Фотима (с) мафҳуми ҳиҷобро ёд гирифт ва ин, ки чиқадр барои ӯ аҳамият дошт. Ин, ки ӯ рафт ва баҳс кард ва дар мавриди Фадак хутба хонд ва ҳамчунон ҳиҷоби худро ҳифз мекард. Ин масъала нишон медиҳад шумо метавонед ҳамроҳ бо ҳифзи ҳиҷоб, аз арзишҳои динӣ дифоъ кунед.

 

 

код

 

 

Вай идома дод: ҳамчунин аз ҳазрати Зайнаби Кубро (с) метавон муқовимат ва сабрро омӯхт. Ӯ дар баробари Язид хутбаи маъруфи худро хонд ва дар малаи ом аз ҳақ ва Ислом дифоъ мекард. Мо чизҳои зиёде метавонем аз ин бузургон биёмӯзем.

Дар идома намунаои аз осори ҳунарии Зайнаби Саҷҷод бо мазомини диниро мушоҳида мекунед.

 

 

زینب

زینب

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4203231

captcha