Ба гузориши манобеи хабарӣ, гурӯҳе аз мусулмонони шаҳри Лондон дар ибтикори тозае мекӯшанд мардуми ин шаҳрро бо таолими Ислом ва Қуръони Карим ошно кунанд. Онҳо умедворанд бо ин иқдом, паёми шигифтангези Исломро ба мухотабони бештаре мунтақил кунанд.
Онҳо бо ҳузур дар чаҳорроаҳои шлуғ ва манотиқи пуррафту омад барои афроди алоқаманд дар мавриди Ислом сӯҳбат кунанд ва бархе оёти Қуръонро бо тарҷума барои онҳо мехонанд.
Дар ин кампайни қуръонӣ бар рӯи белбурдҳои таблиғотӣ дар саросари Лондон нукоти қуръонӣ дар мавриди марг ва сабр насб шуда, ки ишороте ба вазъияти ғамбори мардуми Ғазза дорад. Ин иқдомот фурсате барои англисиҳо фароҳам мекунад то дар бораи Ислом биёмӯзанд ва ҳамзамон як нусхаи роягон аз Қуръонро ба забони англисӣ дарёфт кунанд.
Яке аз фаъолон дар ин тарҳ мегӯяд: бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси Ғазза, кунҷковии мардум дар бораи Ислом зиёд шудааст ва мо кампайни «Қуръонро кашф кунед»-ро роҳандозӣ кардем то мардум битавонанд ба роҳатӣ бо Ислом ва Қуръон ошно шаванд ва саволоти худро бипурсанд ва бо мо гуфтугӯ дошта бошанд.
Вай афзуд: мо дар бораи кушторе, ки дар Ғазза ба роҳ афтода бо мардум сӯҳбат мекунем ва нусхаҳое аз Қуръон ҳамроҳ бо тарҷумаи англисӣ дар бастаҳои зебо ба онҳо ҳадия мекунем. Дар ин муддат, бо тавзеъи Қуръон чандин нафар аз мардум шаҳодатайн хонданд ва бо ҳол ва ҳаво ва ҳисси мусулмон будан ошно шуданд.
Як духтари тоза мусулмони фаъол дар ин кампайн ҳам гуфт: бисёре аз мардум дар бораи воқеиятҳои Ислом иттилооти ғалате доранд. Мо ба онҳо кумак мекунем, ки ин тасаввуроти нодурустро тасҳеҳ кунанд. Мо ба онҳо дар бораи фалсафаи ҳиҷоб сӯҳбат мекунем ва онҳо метавонанд пӯшидани русриро имтиҳон ва ҳисси як хонуми мӯҳаҷҷабаро таҷриба кунанд.