IQNA

Наҳйи аз суханчинӣ дар Қуръони Карим

21:24 - March 09, 2024
рақами хабар: 1186
ИКНА - Суханчинӣ ба амале гуфта мешавад, ки ғолибан қавли ду тарафро ба ҳамдигар расондан буда, бинобар ин навъе ифшои сир мекунад, ки дар натиҷа мутазаммини фасод хоҳад буд ва дар Ислом аз ин амал наҳй шуда ва аз гуноҳони кабира аст.

Ин сифати зишт, ҳамаи равобити инсонӣ ва иҷтимоиро дар ҳам мерезад ва риштаи дӯстӣ ва меҳрубонӣ ва имонро аз ҳам ҷудо мекунад. Ҳамчунин Қуръони Карим дар ояти аввали сураи Ҳумаза дар робита бо суханчинӣ фармудааст: وَیْلٌ لِّکُلِّ هُمَزَةٍ لُّمَزَةٍ; "Вой бар ҳар бадгӯи айбҷӯӣ" ва низ дар сураи Қалам пайравӣ аз суханчинӣ наҳй шудааст: هَمَّازٍ مَّشَّاء بِنَمِیمٍ (Қалам, ояти 11).

Вожаи "наммома" дар асл ба маънои садои кӯтоҳ ва оҳистае аст, ки аз ҳаракати чизе ё аз бархурди пойи инсон ба замин ҳангоми роҳрафтан бар мехезад ва аз онҷо, ки афроди суханчин, маъмулан суханони худро оҳиста ва даригӯшӣ ба ин ва он мерасонанд, то ба унвони хабари муҳимме мавриди истиқбол қарор гирад, ин вожа бар сухани чинӣ итлоқ шудааст.

مَشَّاءٍ بِنَمِیمٍ фарде аст, ки барои суханчинӣ миёни мардум меравад то душманӣ ва нороҳатӣ эҷод кунад. Ин афрод гуфторҳои дигаронро барои бадгӯӣ нақл мекунанд. Дӯстӣ ва меҳрубонӣ дар миёни мардумро аз байн мебаранд ва фитнаро зинда мекунанд. Ин амалро аз гуноҳони бузург ва хатарноктарин онҳо донистаанд; Зеро мӯҷиби аз байн рафтани ваҳдати ҷомеа ва покӣ дар он мешавад. Нуктаи тарбиятии ин оят барои ҳамаи мардум, чунин аст, ки ҳеҷ кас набояд ба сӯҳбатҳои шахси суханчин эътимод кунад: чун лозим аст шахси суханчин дар ҷомеа, манфӯр ва матруд гардад.

Намунаи боризи суханчинӣ дар садр Ислом ин буд, ки вақте мунофиқин аз муқобилаи рӯдрру бо дини Ислом ва Паёмбар натиҷае намебараднд ба василаи чоплусӣ ва нифоқ саъй мекарданд ба аҳдофи шавми худ бирасанд, ки Худованди Мутаол нифоқи ононро ҳамеша ошкор месохт. дар ояти шашуми сураи Ҳуҷурот омадааст: یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِن جَاءکُمْ فَاسِقٌ بِنَبَأٍ فَتَبَیَّنُوا أَن تُصِیبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِینَ; "Эй касоне ки имон овард‏аед агар фосиқе бароятон хабаре овард хуб баррасӣ кунед мабодо ба нодонӣ гурӯҳеро осеб бирасонед ва [баъд] аз ончи кардаед пушаймон шавед".

captcha