Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар севумин рӯзи бисту ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Дубай 7 нафар аз ширкаткунандагон ба тиловати Қуръони Карим пардохтанд ва ба рағми инки забони модарии онҳо арабӣ набуд, аммо таҳсини ҳозиронро барангехтанд.
Ширкаткунандагони севумин рӯзи мусобиқоти Қуръони Дубай, ки ба тиловати Қуръон бо ривояти Ҳафз аз Осим пардохтанд, иборат буданд аз: Суед ибни Абдулфаттоҳ аз Ҷумҳурии Кумур, Муҳаммад Буҳсун аз Фаронса, Ҳусайн Таврӣ аз Соҳили Оҷ, Ҳамд Абдуллоҳ Тоис аз Қатар, Шуъайб Муҳаммад Шафеӣ Ҳасан аз Шветсия, Муҳаммад Муҳаммад Разон аз Серилонко ва Умар Бурзушӣ аз Албания.
Насиф Иброҳим Абдуллоҳ, устоди тафсир ва улуми қуръонӣ дар донишкадаи имом Шофеӣ дар Кумур, ки ҳамроҳ ва амуи Суед ибни Абдулфаттоҳ ширкаткунанда дар мусобиқа аст, аз сатҳи ширкаткунандагон тамҷид ва тасреҳ кард, ки наздик будани сутӯҳ ва тавоноии ширкаткунандагон дар ҳифз ва иҷрои қавии онҳо ҳокӣ аз аҳамияти ин мусобиқоти байналмилалӣ ва иштиёқи мутаваллёни амр ба ҳузури ҳофизони тавонманд ва мумтози Қуръон аст.
Суед ибни Абдулфаттоҳ, намояндаи кишвари Кумур ҷавонтарин ширкаткунанда дар бисту ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Дубай аст, ки ҳашт сол син дорад ва бо кумаки модараш тавонистааст Қуръонро ҳифз кунад.
Вай дар суханоне гуфт: модарам маро ба ҳифзи Қуръон ташвиқ кард. Ман аз чаҳор солагӣ ҳифзи Қуръонро шурӯъ ва дар муддат замони як сол онро тамом кардам.