Ба гузориши ситоди хабарии сиякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим; Маросими ифтитоҳияи сиякумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим шомгоҳи чаҳоршанбе аввали фарвардин бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ва ҷамъе аз мудирони қуръонии кишвари Эрон дар Мусаллои имом Хумайнӣ (рҳ) баргузор шуд.
Ҳамчунин Қуръоне ба тӯли 40 метр асари Юсуф Шенчун, ҳунарманди чинӣ бо ҳузури вазири Фарҳанг ва Иршоди исломӣ дар намоишгоҳи Қуръон рӯнамоӣ шуд.
Ин Қуръон ба шакли Қутоъӣ (шаблон) дар 40 метр навишта шуда ва шомили сӣ ҷузъи аввал ва ҷузъи 30 Қуръони Карим аст.
Бахши байналмилали намоишгоҳ бо ҳузури намояндагоне аз 25 кишвар ҳамонанди Туркия, Алҷазоир, Сенегал, Русия, Ҳинд, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Чин ва Канада то ҳаштуми фарвардин моҳ доир аст.
гузориши тасвирии ифтитоҳияи намоишгоҳи байналмилалии Қуръонро инҷо бубинед.