Ба гузориши манобеи хабарӣ, маросими ихтитомияи бисту ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Дубай асри имрӯз шанбе 23 март дар салони фарҳанг ва улуми минтақаи Мамарзи Дубай баргузор мешавад.
Дар ин маросим илова бар эҳдои ҷавоиз ба баргузидагон, аз шайха Ҳинд бинти Мактум шахсияти исломии мунтахаби ин давра аз мусобиқот ва аз муҳиммтарин бониёни мусобиқоти Қуръони Карим дар Иморот низ тақдир хоҳад шуд.
Ин интихоб бо ҳадафи қадрдонӣ аз иқдомоти вай дар заминаи фаъолитяҳои қуръонӣ, иқдомоти башардӯстона ва фаъолитҳои хайрияӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин илова бар тақдир аз ҳайати доварон, аз миёни ҳудуди 70 мутасобиқи ҳозир дар марҳалаи ниҳоии ин давра аз ба намояндагӣ аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва ҷавомеи мусулмони муқими кишварҳои ғайри исломӣ, аз се мақоми бартар таҷлил хоҳад шуд.
Маросими ихтитомияи бисту ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Дубай шомили бахшҳои мухталифе хоҳад буд, ки аз муҳиммтарини онҳо метавон ба пахши тиловатҳои мумтози баргузидагон ва ҳамчунин пахши филми мустанаде аз фаъолиятҳои қуръонӣ ва хайрияӣ шайха Ҳинд бинти Мактум ишора кард.
Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Дубай бо ширкати 5 ширкат кунанда дар даҳумин ва охирин рӯзи мусобиқоти қуръонӣ дар салони фарҳанг ва илм дар Дубай ба поён расид. Дар рӯзи ниҳоӣ, Ёсин ибни Наср ибни Ғулом аз Тунис дар бахши ҳифз ба ривояти Қонун аз Осим, ва Муҳаммад Тоҳо Бутарифа аз Марокаш дар бахши ҳифз ба ривояти Варш аз Нофеъ ба рақобат пардохтанд. Ҳамчунин дар бахши ҳифз ба ривояти Ҳафс аз Осим, Муҳаммад Аднон Абдуллоҳ Муҳаммад Умрӣ аз Баҳрайн, Султон Иброҳим Аҳмад Ҳусайнӣ аз Иморот ва Хакизимана Гисгва Рамазон аз Равондо рақобат карданд.
https://iqna.ir/00HeNY