Ба гузориши ИКНА; Дар бахши байналмилали намоишгоҳи Қуръон, кишварҳои мусулмон ҳамчун Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Тунес, Кувайт, Тайланд, Бангладеш, Ироқ, Фаластин, Малейзия, Индонезия, Сарилонко, Ҳинд, Баҳрайн ва Покистон ҳузур доранд. Ҳамчунин намояндагони кишварҳои ғайри ислмонӣ ҳамчун Фаронса, Чин, Хорватия ва Русия дар ин давра мушорикат доранд.
Ин 18 кишвар дар сивуякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дорои ғурфа ва осори ҳунарӣ ҳастанд, дар ин миён намояндаи 7 кишвари дигар низ танҳо ба унвони меҳмон дар намоишгоҳ ҳузур доранд.
Дар бахши байналмилал ҳар рӯз нишастҳои мухталифе бо ҳузури намояндагони кишварҳои ҳозир баргузор мешавад. Ҳамчунин ғурфаи кишварҳои мухталиф осори худро ба намоиш гузоштанд.
Бахши байналмилалии сиюякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузури намояндагон 25 кишвари исломӣ ва ғайри исломӣ аз якум то ҳаштуми фарвардинмоҳ мизбони боздидкунндагон аз осори ҳунарии қуръонӣ ва исломӣ аст.