Ба гузориши Алҷазира, «Исмоил Шарована» коршиноси бостоншинос мегӯяд, ки нусхаи хаттии Қуръон ба хатти наводаи Паёмбари Акрам (с) қадимитарин нусхаи хаттии Қуръони Карим дар музаи исломии Масҷидул-Ақсо дар шаҳри ишғолии Қудс ва чӣ басо қадимитарин нусха дар кулли ҷаҳон аст.
Исмоил Шарована афзуд: ин нусхаи хаттӣ ба хатти Сайид Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб (Алайҳумассалом), наводаи Паёмбари Ислом (с) аст, ки бо дастхати худ бар рӯи пӯсти оҳу китобат кардааст.
Коршиноси осори бостонӣ дар бораи китобати ин нусха, шумора гузории сафаҳот, нуқта гузорӣ ва ҳисоби абҷад дар ҷудосозии оёт гуфт: ин мусҳаф дорои нуқта ва аъроб набуд, нуқта гузорӣ ва аъроб гузории он дар замони Абуласвади Дуелӣ, ки аз асҳоби Амирал-Муъминин (а) буд ва замоне, ки аҷамҳо ба Мслом рӯй оварданд, анҷом шуд. Пас аз он нағма дар қироати Қуръон ба вуҷуд омад ва ба ҷое расид, ки дар маънои оёти Қуръон тағйир эҷод мекард. Лизо нуқтаҳои сиёҳ ва қирмизро бар рӯи оёт қарор доданд то ҳуруф аз якдигар ташхис дода шаванд. Нуқтаҳои сиёҳ ба нуқтаҳои аҷамҳо маъруф буданд, ки барои ташхиси ҳуруфи бо ва то ва со, ҷим ва ҳо ва хо, син ва шин ва ҳуруфи шабеҳи инҳо истифода мешуд; Аммо нуқтаҳои қирмиз ба унвони аъроб яъне замма, фатҳа, касра ва танвин истифода мешуд.
Ин коршиноси осори бостонӣ идома дод: он чи, ки ин Қуръонро аз соири мусҳафҳои мавҷуд дар музаи исломӣ мутамоиз мекунад, истифода аз ҳисоби абҷад аст, ба ин маъно, ки монанди соир мусҳафҳои мавҷуд, ҳар оят аз Қуръони Карим бо адад аз ояти дигар ҷудо нашудааст, балки оёт баҷои адад, бо ҳуруфи арабӣ ҷудо шудаанд ва бар асоси ҳисоби абҷад, ҳар ҳарфе нишондиҳандаи як адади хос барои он оят аст.
Шарована дар тавзеҳи ин матлаб гуфт: дар ин Қуръон, ки ба хатти Куфӣ навишта шудааст, пас аз 10 оят, ҳарфи ё навишта шуда, ки ба ҳисоби абҷад нишон диҳандаи адади 10 аст; Ва баъд аз 20 оят, ҳарфи коф навишта шуда, ки нишон диҳандаи адади 20 аст ва ба ҳамин тартиб то охири сура бо ҳуруфи арабӣ нишонагузорӣ шудааст.
Вай дар поён таъкид кард: агар ин мусҳафи шарифро бо Қуръонҳое, ки имрӯза дар телефони ҳамроҳи худ дорем муқоиса кунем ва оёти онро мурур кунем, ҳеҷгуна тағйире ҳатто дар як оят ва як ҳарф ва як ҳаракати он пайдо намекунем ва ин таъкиде бар он аст, ки Худованд Қуръони Каримро аз замони нузули он то имрӯз ҳифз карда ва ин таъйиде бар набуввати Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст. «إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ» (Сураи Ҳиҷр, ояти 9).