Ба гузориши пойгоҳи хабарии «almamlakatv.com», Муҳаммад Ал-Халоила, вазири Авқофи умури исломӣ ва муқаддасоти Урдун зимни суханоне дар ин маросим гуфт: 49 мутасобиқ аз 48 кишвар дар сивуякумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон «Ал-Ҳошими»-и Урдун ҳузур доранд, ки дар риштаҳои ҳифз ва тиловати Қуръон ба рақобат мепардозанд.
Вай бо баён ин, ки ин рӯйдоди қуръонӣ баёнгари иштиёқи давлат ва мардуми Урдун ба тиловат ва ҳифзи каломи ваҳй ва таваҷҷуҳ ба ёдгирӣ ва омӯзиш аст, ибрози умедворӣ кард, ки ин мусобиқот шурӯъи хубе барои ҷаҳони Ислом ва кушоише барои сокинони Ғазза бошад.
Муҳаммад Ал-Халоила, дар идома ҳадаф аз баргузории ин мусобиқотро ишоъаи фарҳанги қуръонӣ ва ниҳодинакардани фазилатҳо ва арзишҳои каломи ваҳй дар зиндагӣ ба унвони рӯйкарди саҳеҳ баён кард.
Вазири Авқофи Урдун дар поён бо ишора ба шароите, ки уммати Ислом ва сокинони Навори Ғазза дар ҳоли таҷрибаи он ҳастанд, таъкид кард: давлат ва мардуми Урдун бо тамоми тавон дар канори миллати Фаластин қарор доранд ва барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза ва рафъи зулм аз сокинони ин минтақа ва ҳифзи ормони Фаластин талош мекунанд.
https://iqna.ir/00Hefb