IQNA

Рамазон дар Қуръон

Фазилати шаби Қадр

21:51 - April 02, 2024
рақами хабар: 1309
ИКНА - Барои ин шаб дар Қуръони Карим вижагиҳои барҷастае зикр шудааст, ки иноят ба онҳо, инсонро ба шабзиндадорӣ дар он тарғиб мекунад.

Шаби Қадр, шаби муборак аст. Худованд дар оёти дувум ва севуми сураи муборакаи Духон мефармояд: وَالْکِتَبِ الْمُبِینِ؛ إِنَّا أَنزَلْنَهُ فى لَیْلَةٍ مُّبَرَکَةٍ إِنَّا کُنَّا مُنذِرِینَ; “Савганд ба ин китоби ошкор, ки мо онро дар шаби пурбаракат нозил кардем, мо ҳамвора инзоркунанда будҳ‏оем” (Духон/2-3). Ҳамон тавр, ки Қуръон саросар хайр аст ва хайраш шомили ҳоли афроде мешавад, ки ба он муроҷиа кунанд, шаби Қадр ҳам ҳамин тавр аст ва ҳар касе, ки онро бузург бидорад ва барои шабзиндадории он талош кунад, хайри фаровони ин шаб насиби ӯ мегардад. Қуръони Карим ин шабро беҳтар аз ҳазор моҳ медоанд (Қадр/3).

Шаби Қадр, шаби нузули Қуръони Карим низ ҳаст. Бештари муфассирон мӯътақиданд дар ин шаб, Қуръон ба сурати якбора бар Паёмбар (с) нозил шудааст, ки ба он «нузули дафъӣ» мегӯянд; Сипас ва дар тӯли 23 сол, Қуръони Карим ба сурати «тадриҷӣ» низ нозил шудааст.

Шаби Қадр, шаби таъйини сарнавишти инсон ва тақдири умури олам аст. Дар ин шаб, «фариштагон ва рӯҳ» бар замин фуруд меоянд то муқаддароти яксолаи оламро бар заминён нозил кунанд (Қадр/4). Худованд дар ояти чаҳорум аз сураи муборакаи Духон мефармояд, ки: فِیهَا یُفْرَقُ کلُّ أَمْرٍ حَکِیمٍ; “Дар он шаб, ки ҳар амре тибқи ҳикмати Худованд танзим мешавад” (Духон/4). Ин оят бар ин нукта таъкид мефармояд, ки шаби Қадр, шабе аст, ки дар он тамоми умур, ҷузъ ба ҷузъ, бар асоси ҳикмати Худованд тафсил дода ва мушаххас шуда ва тамоми масоили сарнавиштсоз дар ҳамон шаб муқаддар мешавад.

Ин шаб, шаби омурзиши гуноҳон низ мебошад. Бинобар баъзе аз ривоёт, дар моҳи мубораки Рамазон шаётин ба ғул ва занҷир кашида шуда ва дарҳои биҳишт барои муъминон боз мешаванд. Аз Паёмбари Акрам (с) ривоят шудааст: Ҳар кас шаби Қадрро эҳё кунад ва муъмин бошад ва ба рӯзи ҷазо эътиқод дошта бошад, ҳамаи гуноҳонаш бахшида мешавад.

captcha