IQNA

Оғози фаъолияти Намоишгоҳи ҳалол-2026 дар Индонезия

13:48 - July 14, 2026
рақами хабар: 4827
Намоишгоҳи «Ҳалол-2026» бори нахуст бо ташаббуси Созмони ҳамкории иқтисодии кишварҳои дар ҳоли рушд (D-8) дар пойтахти Индонезия ба фаъолият оғоз кард.

Ба гузориши икно бо истинод ба хабаргузории Анадолу, Намоишгоҳи «Ҳалол-2026» рӯзи панҷшанбе расман дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия, ифтитоҳ гардид.

Дар баёнияи нашркардаи ин созмон омадааст, ки намоишгоҳ таҳти унвони «Намоишгоҳи Ҳалол-2026 – Индонезия» бо ҳузури мақомот, дипломатҳои кишварҳо ва намояндагони давлатҳои узви D-8 оғоз ёфт.

Ин намоишгоҳи панҷрӯза бо мавзӯи «Пешбурди иқтисоди ҳалол дар кишварҳои D-8 тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ» баргузор шуда, вазирон, мақомдорони баландпоя, роҳбарони бахши тиҷорат, сармоягузорон ва соҳибкоронро гирди ҳам овардааст.

Суҳайл Маҳмуд, дабири кулли Созмони D-8, дар паёми видеоии худ нақши муҳими Индонезияро дар рушди иқтисоди ҳалол таъкид намуда, аз пешниҳоди табдил додани ин намоишгоҳ ба як чорабинии ҳамасола истиқбол кард.

Маҳмуд зикр намуд, ки кишварҳои узви D-8 дар маҷмӯъ беш аз 1,28 миллиард нафар аҳолӣ ва зиёда аз 5 триллион доллар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) доранд.

Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки иқтисоди кишварҳои дорои аксарияти мусулмон ҳанӯз ҳам дар занҷираҳои арзиши ҷаҳонии бахши ҳалол саҳми маҳдуд дорад.

Дабири кулли D-8 пешниҳод кард, ки барои кишварҳои узв долони тиҷорати ҳалол, бозори рақамии ҳалол ва платформаи муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин ӯ аз роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои таҳқиқот, навоварӣ, биотехнология ва технологияи озуқаворӣ ҷонибдорӣ кард.

Дар доираи ин намоишгоҳ намоишҳои байналмилалӣ, анҷуманҳои сармоягузорӣ, нишастҳои тиҷоратӣ ва гуфтугӯҳои тахассусӣ баргузор мешаванд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви D-8 мебошад.

Ба ҳайати муассисони ин созмон Туркия, Бангладеш, Миср, Индонезия, Эрон, Малайзия, Нигерия ва Покистон шомил мебошанд. Ин созмон яке аз муҳимтарин чаҳорчӯбҳои ҳамкории иқтисодӣ дар ҷаҳони ислом ба шумор меравад.

Созмони D-8 бо мақсади таҳкими мавқеи кишварҳои узви худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкории тиҷоратӣ, афзоиши саҳми онҳо дар равандҳои қабули қарорҳои байналмилалӣ ва дастгирии рушди манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия фаъолият мекунад.

4363694

captcha