IQNA

Баёнияи ҳашт кишвари исломӣ дар маҳкумияти иқдомҳои режими саҳюнистӣ дар Масҷидул-Ақсо

11:35 - July 25, 2026
рақами хабар: 4864
Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ бо судури баёнияи муштарак, зимни маҳкум кардани ташдиди иқдомҳои танишзоии режими саҳюнистӣ дар Масҷидул-Ақсо, эълом карданд, ки Исроил ҳеҷ гуна ҳаққи ҳуқуқӣ ва таърихӣ нисбат ба ин масҷиди муборак надорад.

Ба гузориши икно, ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Ал-Ҷазира», вазирони корҳои хориҷии Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Урдун, Амороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Покистон ва Туркия бо интишори баёнияи муштарак, ташдиди иқдомҳои режими саҳюнистӣ дар Масҷидул-Ақсо ва идомаи ҳамлаи шаҳракнишинон ва вазирони тундрав ба ин макони муқаддасро маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки Исроилро ба қатъи ин қонуншиканиҳо водор созад.

Дар ин баёния бо ҳушдор нисбат ба идомаи талошҳои Тел-Авив барои тағйир додани ҳувияти таърихӣ ва ҷойгоҳи ҳуқуқии Қудси Шарқӣ, таъкид шудааст, ки Исроил ҳеҷ гуна соҳибихтиёрӣ бар шаҳри Қудс ва маконҳои муқаддаси исломӣ ва масеҳии он надорад ва тамоми ҳудуди Ҳарами Қудсӣ макони махсуси ибодати мусулмонон ба шумор меравад.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ бо баёни он ки маҳдудиятҳои табъизомез ва худсарона барои дастрасӣ ба қисми қадимии Байтулмуқаддас ва маконҳои мазҳабии он нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, таъкид карданд, ки режими саҳюнистӣ ҳеҷ гуна соҳибихтиёрӣ бар Қудси ишғолшуда ё бар маконҳои муқаддаси исломӣ ва масеҳии он надорад.

Дар идомаи ин баёния аз Исроил, ба унвони қудрати ишғолгар, хоста шудааст, ки ҳамаи маҳдудиятҳои ҷорӣшуда барои дастрасии фаластиниён ба қисми қадимии шаҳри Қудсро бекор намояд ва аз монеъ шудан ба вуруди намозгузорони мусулмон ба Масҷидул-Ақсо худдорӣ кунад.

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки мавқеи қатъӣ қабул намуда, Исроилро ба қатъи нақзи ҳуқуқи маконҳои муқаддас ва риояи қонунҳо ва муқаррароти байналмилалӣ водор созад.

4365795

captcha