IQNA

Нахола: Имрӯз ҳамаи ҷабҳаҳои меҳвари муқовимат муттаҳид шудаанд

15:47 - April 05, 2024
рақами хабар: 1320
ИКНА - Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт, ки имрӯз ҳамаи ҷабҳаҳои меҳвари муқовимат дар баробари душмани саҳюнистӣ муттаҳид шудаанд.


Ба гузориши манобеи хаарӣ, “Зиёд Нахола” дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин имрӯз ҷумъа дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт, ки имрӯз ҳамаи ҷабҳаҳои меҳвари муқовимат дар баробари душмани саҳюнистӣ муттаҳид шудаанд.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин афзуд: Мо дар ин ҷабҳаҳо дар канори пойдорӣ ва муқовимати мардуми Фаластин, пирӯз хоҳем буд.

Зиёд Нахола гуфт: Акнун меҳвари муқовимат қавӣ аст ва он чи дар ҷануби Лубнон, Яман ва дар амалиётҳои Ироқ дар ҷараён аст, ваҳдат, қудрат ва омодагии ин меҳварро дар мубориза бо Исроил таъйид мекунад.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин пештар эълом кард, ки бояд рӯзи ҷаҳонии Қудсро истгоҳе барои тақвияти ваҳдати миллат ва размндагон ва аҳдофи худ қарор диҳем.

Вай дар идома гуфт: Ғазза бо мардум ва размндагони қаҳрамонаш боқӣ хоҳад монд ва нуқтаи атфе дар масири муборизотии миллати мо ба самти Қудс боқӣ хоҳад монд ва ба ёрии Худо истодагӣ карда ва пирӯз хоҳад шуд.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба аҳамияти неруҳои муқовимат дар ваҳдати маёдин ва ҷабҳаҳо ва инки ҳамаи ҷабҳаҳо дӯшодуши ҳам дар канори муқовимати Фаластин ҳастанд, ишора кард.

https://tajikpress.com/2024/04/05/

captcha