IQNA

Фурӯши Қуръони тазъинии қафқозӣ дар ҳарроҷии ҳунарҳои исломӣ

11:28 - April 12, 2024
рақами хабар: 1348
ИКНА - Як Қуръони тазъин шудаи мутааллиқ ба минтақаи Қафқоз бо қимати 60 то 80 ҳазор павнд дар ҳарроҷии ҳунарҳои исломӣ ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, муассисаи ҳарроҷи байналмилалии Сатбиз ҳарроҷеро барои фурӯши «ҳунарҳои ҷаҳони Ислом» роҳандозӣ кард. Ин ҳарроҷ шомили бисёре аз осори қадимии исломӣ монанди Қуръони Карим, дастнавиштаҳои қадимӣ ва атиқаҳои тазъин шудааст.

Аз ҷумла мавориди арза шуда барои фурӯш, Қуръони бузург ва тазйин шудааст, ки аз сӯи Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Кумӣ дар таърихи 1847 -1846 дар Қафқози шарқӣ, Доғистон, таҳия шудааст ва қимати он байни 60 то 80 ҳазор павнд тахмин зада мешавад.

Ҷудои аз мустанадоти ироа шуда барои ин нусхаи хаттӣ, ин Қуръон вижагиҳои аслии муртабит бо Қуръонҳои мавҷуд дар минтақаи Доғистонро нишон медиҳад. 

Ин Қуръонҳо ба воситаи доштани тазъиноти густурда ва рангоранги худ мутамоиз мешаванд. Голуп дар мутолиаи худ дар мавриди Қуръони марбути Доғистон дар китобхонаи Англистон хотирнишон кард, ки тазҳиби ин Қуръон ағлаб бо муҳри дастӣ ва рангӣ будааст, ки дар ҳошияи ин Қуръон дида мешавад.

https://iqna.ir/00HfBv

captcha