IQNA

Назм ва инзибот дар Қуръони Карим

11:40 - April 15, 2024
рақами хабар: 1362
ИКНА- Қуръони Карим зимни ишора ба назми таквинӣ дар олами табиат, ба маҷмӯаи арзишҳо, хулқиёт ва дастуруламалҳо даъват мекунад, ки инсонро ба назм ва инзибот вомедорад.

Қуръони Карим ба ду гуна назм таквинӣ ва ташреъӣ ишора дорад; Нахуст инки асоси офариниш бар назм устувор аст ва тақдир ва тарроҳии дақиқ дар тамоми ашёъ вуҷуд дорад: خَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ فَقَدَّرَهُ تَقْدِيرًا (Фурқон: 2). Ваҷҳи иртиботи ин назми таквинӣ бо инсон дар ин аст, ки ӯ ҷонишини Худованд дар замин аст ва лозим аст ба авсофи илоҳӣ дар иқтидори халифаи Ӯ муттасиф гардад; Аз инру зарурӣ аст, ки дар зиндагии ӯ низ ҳикмат, назм ва тартиб ҷорӣ гардад.

Дувум назм дар шариати Ислом аст, ки аз ду манзар дар инзибот дар зиндагии инсон асаргузор аст; Нахуст тавсия ва сифоришоте аст, ки мустақиман дар бораи назм ва барномарезӣ ва тадбир дар умур ба мусулмонон дорад. Дувум асари амалӣ маҷмӯаи аҳком ва дастуроти исломӣ аст, ки боис мешавад мусулмонон таҳти барномаи дақиқ ва назми хоссе дароянд. Ба баёни дигар, агар инсон зиндагии худро тибқи биниши исломӣ сомон бидиҳад ва бикӯшуд гуфтор ва рафтораш мутобиқи барномаи дақиқи Ислом бошад, назми фикрӣ ва рафторӣ пайдо мекунад.

Барои мисол Қуръони Карим ҳамвора пайравони хешро ба риояти ҳудуди илоҳӣ тавсия мекунад ва аз тааддӣ аз марзҳои муҷоз бозмедорад: تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ (Бақара: 229). Мисоли дигар барномаҳои динӣ замонбандӣ шудааст; Барои мисол барои анҷоми ибодатҳое чун намоз вақт ва барномаи дақиқ танзим кард: أَقِمِ الصَّلَاةَ لِدُلُوكِ الشَّمْسِ إِلَى غَسَقِ اللَّيْلِ وَقُرْآنَ الْفَجْرِ (Исроъ: 78). Ҳамчунин барои рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро муаян намуд, ки ибтидо ва интиҳои мушаххасе дорад (Бақара: 187).

Муъминон ҳамчунин дар умури иҷтимоӣ муназзам ва ҳамоҳанг ҳастанд ва ҳамаи корҳоияшонро ба вижа дар масоили муҳимм ва сарнавиштсоз сирфан бо изни раҳбари ҷомеа анҷом медиҳанд. Агар фарде ин шартро амал накунад, дар зумраи муъминони ҳақиқӣ қарор намегирад: إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَی أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّی يَسْتَأْذِنُوهُ (Нур: 62).

Амирал-Муъминин Алӣ (а) ба Муҳаммад ибни Абибакр фармуданд: «Намозро дар вақти муқаррараш бихон ва барои осуда шудан онро ҷилав ва ба ҷиҳати иштиғол ба коре онро ба таъхир маяндоз ва бидон кӣ, ҳамаи корҳоят тобеъи намозт аст»*. Аз инру иқомаи намозҳои панҷгона ба танзими умуроти инсон дар тайи рӯз меонҷомад. Омӯхтан ва амал ба тартиби аъмол, азкор ва рафтор дар намоз ва муқаддамоти он ба навъе мӯҷиби тарбият ва интизоми зеҳни инсон мешавад. Ҳатто иқомаи дастаҷамъии намози ҷамоат низ навъе тамрин ва амали мубтанӣ бар назм ва ҳамоҳангӣ аст.

*- صَلِّ الصَّلاةَ لِوَقتِها المُؤَقَّتِ لَها، ولا تُعَجِّل وَقتَها لِفَراغٍ، ولا تُؤَخِّرها عَن وَقتِها لِاشتِغالٍ، واعلَم أنَّ کلَّ شَی ءٍ مِن عَمَلِک تَبَعٌ لِصَلاتِک (Наҳҷул-Балоға, Номаи 27).

captcha