IQNA

Сураҳои Қуръон / 16

Сураи Наҳл; Табйини неъматҳои бешумори илоҳӣ

22:21 - June 20, 2023
рақами хабар: 137
Неъматҳои илоҳӣ ба сурати фаровон ва бешуморе дар атрофи мо ҳастанд; Бархе ашхос дар мавриди онҳо тафаккур мекунанд ва бархе низ бетафовут аз канори онҳо мегӯзаранд. Сураи Наҳл бо баршумурдани баъзе аз ин неъматҳои илоҳӣ, ба манзури рушди маънавии инсонҳо, онҳоро ба тафаккур дар ин маворид даъват мекунад.

Сураи Наҳл шонздаҳумин сураи Қуръон ва аз сураҳои макӣ аст, ки бо 128 оят дар ҷузъи 14 Қуръон ҷой гирифтааст. Ин сура, ҳафтодумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Номи машҳури ин сура, Наҳл аст. Далели ин номгузорӣ ҳам ин аст, ки дар ин сура, ояти 68 ба Наҳл (занбури асал) ишора шудааст. Албатта дар ин сура ба неъматҳои фаровоне ишора шуда, аммо ишораи кӯтоҳ, пурмаънӣ ва шигифтангез ба занбури асал кардааст. Баъзе хавосси ин ҳашра баён шуда ва кашфи баъзе дигар ба ӯҳдаи мухотаб гузошта шудааст.

Меҳвари аслии сураи Наҳл зикри неъматҳои илоҳӣ аст. Ин неъматҳо шомили борон, нури офтоб, анвоъи гиёҳон ва меваҳо ва маводди ғизоӣ ва чорпоён мешавад. Баршумурдани неъматҳои илоҳӣ бар асоси оёти ин сура бо 5 ҳадаф шукргузорӣ, ҳидоят, тафаккур, таслим дар баробари даъвати ҳақ ва ёдоварӣ баён шудааст.

Қисмати дигаре аз ин сура ба баёни аҳкоми мухталифи исломӣ, ҳамонанди дастур ба адл ва эҳсон ва ҳиҷрат ва ҷиҳод ва наҳйи аз фаҳшо ва мункир ва зулм ва ситам ва паймоншиканӣ ва ҳамчунин даъват ба шукргузорӣ аз неъматҳои ӯ ихтисос дорад, ва дар ҳамин робита аз Иброҳим, қаҳрамони тавҳид ба унвони як бандаи шукргузор дар чанд оят ном мебарад. Ҳаромбудани хӯрдани шароб, гӯшти мурдор, гӯшти хук ва хун, аз ҷумла аҳкоми амалии матраҳшуда дар ин сура аст.

Яке дигар аз масоиле, ки дар ин сура мавриди ишора қарор гирифта, вуҷуби гиромидошти шанбе бар яҳудиён аст; Ин мавзӯъ дар ояти 124 таъкид шудааст. Тибқи ин оят, Худованд рӯзи шанберо барои яҳудиён ба унвони рӯзи таътил таъйин кард; Дар ҳоле, ки бархе яҳудиён дар баробари ин дастур шукргузор ва мутеъ буданд, иддае аз ин дастури илоҳӣ сарпечӣ карданд ва аз сӯи Худованд муҷозот шуданд.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, сураи Наҳл, занбури асал, неъматҳои илоҳӣ, таътил будани рӯзи шанбе.

captcha