IQNA

Бориши борон дар Масҷидуннабӣ + филм

11:55 - May 02, 2024
рақами хабар: 1439
ИКНА - Видеоҳое аз бориши борони раҳмати илоҳӣ дар Масҷидуннабӣ (с), бо тавваҷуҳи густардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, видеоҳое аз бориши шадиди борони раҳмати илоҳӣ дар Масҷидуннабӣ (с) ба шакли густарда аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Шаҳрдории Мадина бо интишори видёе аз борони шадид дар Масҷидуннабӣ, дар шабакаи иҷтимоии Х, бориши ин раҳмати илоҳиро табрик гуфтааст.

Корбарон бисёри дигаре низ бо интишори видеоҳои дигар ва ё бознашри бориши ин борони раҳматро табрик гуфтаанд.

 

 

код

Макка ва Мадина ба ҳамроҳи дигар манотиқи бисёре дар шибҳи ҷазираи Арабистон дар соли ахир борҳо шоҳиди бориши сангини борон будаанд, бисёре аз коршиносон ин борандагиҳоро камсобиқа тавсиф карда ва тағироти густардаи обу ҳавоиро омили ин борандагиҳо эълом карда, аз сӯе ҳушдор додаанд, ки бо тавваҷуҳ ба ин тағирот ниҳодҳои мухталиф бояд бо тағир дар сохтори худ барои муқобила бо пайомадҳои ин тағирот омода шаванд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4213350

captcha