IQNA

Ташарруфи ноиби раиси лигаи муборизони ҳирфаии Амрико ба Ислом

10:25 - May 04, 2024
рақами хабар: 1442
ИКНА - Лорен Мак, ноиби раиси лигаи муборизони ҳирфаии Амрико, аввалин созмони бузурги ҳунарҳои размии таркибӣ, пас аз ташарруф ба Ислом бо ҳузур дар Маккаи мукаррама маносик ҳаҷҷи умраро адо кард.

Ба газроши манобеи хабарӣ, Биажио Алӣ Волш, наваи Муҳаммад Алии Келлӣ пас аз пирӯзии шигифтангези худ дар мусобиқоти «қаҳрамонони лигаи муборизони ҳирфаӣ», ки қаблан дар Риёз баргузор шуда буд, тасмим гирифт дубора ба Макка бозгардад то дар канори ҳайати иҷроӣ маносики умраро анҷом диҳад. Дар ҷараёни ин сафари Лорен Мак, ноиби раиси лигаи муборизони ҳирфаӣ, ки дар сафари худ ба Арабистон ба дини мубини Ислом мушрраф шуда, низ ҳузур дошт. 

Лорен Мак, ин тасмимро бахше аз орзӯи деринаи худ тавсиф кард, ки бар мабнои арзишҳо ва мабонии Ислом иттихоз шудааст.

Волаш низ зимни ибрози хушҳолӣ ва таъсири ин сафари маънавӣ бар худ, гуфт: ин таҷрибаи рӯҳонӣ барои ман як оромиши васф нопазир ба ҳамроҳ дошт, метавонам онро як таҷрибаи воқеӣ аз иртиботи наздик бо Худо тавсиф кунам, ки маро дар зиндагӣ қавитар ва мусаммамтар сохт.

Вай афзуд: ин сафар натанҳо дар арсаи варзишӣ, балки дар зиндагии маънавӣ ва шахсии ман таъсири амиқе хоҳад дошт ва оғози ҷадиде барои ман дар заминаи рӯҳӣ ва маънавӣ аст.

Ёдовар мешавад, ки лигаи муборизони ҳирфаӣ тасмим гирифта аст ифтитоҳияи муборизоти ин лигаро, ки барои аввалин бор дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо баргузор мешавад, дар Риёз пойтахти Арабистон баргузор кунад. Ин маросим дар моҳи май дар Риёз бргузор хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4213566

captcha