IQNA

Ёддошт

Дарсҳое аз мардумдории имоми Содиқ (а) дар асри тазоруби ороъ

20:26 - May 04, 2024
рақами хабар: 1446
ИКНА - Всъати инсоният дар андешаи имоми Содиқ (а), дар дил ва наҳваи мардумдории ӯ қобили мушоҳида буд. Эшон ба бидъатгузорон ва мулҳидоне, ки дар канори Каъба нишаста ва афкори тунд ва тезе алайҳи Ислом доштанд гӯш фаро медод ва бо суханони писандида, одоби ҳакимона ва бурҳони маҳкам, бо онҳо сухан мегуфт.

Шайх Муҳаммад Рабеӣ, муҳаққиқи ироқӣ дар ёддоште навишт: сираи имом Ҷаъфари Содиқ (а) аз ин ҷиҳат мутамоиз аст, ки дар саховаташ, шигифтангез буд зеро шароите, ки дар он зиндагӣ мекард шароити низоъ байни Банӣ-Умая ва бани Аббос буд ва хулафо аз ҳар ду тайф ҳамонтавр, ки пеш аз ин марсум буд бар имом ва падари бузургавори ишон фишор меоварданд, ба ҳамин ҷиҳат имоми Содиқ (а) тавонист тамоми воқеияти Исломиро бо масоили фикрӣ, эътиқодӣ ва фиқҳӣ пӯшиш диҳад ва ҳатто мардумро дар мафоҳими муртабит бо инсон ва зиндагӣ ба ҳаракат ва пӯёӣ водорад то ҷое, ки улуме вуҷуд дошт, ки роиҷ набуд, ё барои амсоли имоми Содиқ (а) матраҳ набуд, аз ҷумла «илми химия» ҳатто Ҷобир ибни Ҳаён аз имоми Содиқ (а) ба унвони илҳомбахш нақл мекунад ва китобҳои химияи Ҷобир ибни Ҳаён ҳанӯз дар донишгоҳҳои ғарбӣ ба унвони назарияҳои химияи пешрафта тадрис мешавад.

Мардумдории имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва рӯи боз ба воқеият

Мо наметавонем аз тамоми мероси доиратулмаъорифе, ки имом доштанд сӯҳбат кунем, то ҷое, ки алон барои мафҳуми озодӣ, ва иззат дар абъоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ он дар ҳаракати инсон дар зиндагӣ дар мувоҷеҳа бо чолишҳо, посухҳои зиёде меёбем ва наметавонем ин сарвати доиратулмаъорифи боқӣ монда аз имомро, ки ҷаҳони Исломро ғанӣ кардааст, дарк кунем. Касоне, ки аз имоми Содиқ (а) аҳодис нақл карданд ва аз ӯ омӯхтанд, чаҳор ҳазор нафар буданд, ки ҳар кадом дар мақоми як устод буданд.

Гуфта шуда шахсе вориди масҷиди Куфа шуд он замон дар ҳамаи масоҷид асотид меншустанд ва дар ҳалқаҳои илми аз шогирдон истиқбол мекарданд. Ин шахс мебинад 900 устод дар ҳоли мунозира аст ва ҳаркадом ибтидои сухани худ мегӯяд «Ҷаъфари Содиқ (а) ба ман гуфт...» Имоми Содиқ аз ҳамаи мардум истиқбол мекард ва таассуб дар он замон дар ҳадде набуд, ки мусулмонон аз якдигар ҷудо шаванд ё дар масоҷиди худ ихтилофи назар дошта бошанд, ки инҷо масҷиди шиа аст ва он масҷиди аҳли суннат ва ихтилоф байни макотиб ҳам набуд, ки ин мактаби шиъён аст ва ин мактаби аҳли суннат аст, баракс, мактаби имоми Иодиқ (а) ҳамаи мардумро бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоти фирқаии худ пазируфтааст ва медонем, ки Абуҳанифа, соҳиби мактаби ҳанафӣ аз шогирдони ин мактаб буда ва мегӯяд: агар шогирди мактаби имоми Содиқ (а)-ро намекард қатъан Нӯъмон ҳалок шуда буд ва аз ӯ пурсида буданд фақеҳтарин фард аз назари ту кист ва ӯ ба имоми Содиқ ишора ва ингуна истинбот мекард, ки «Донотарин мардум касе аст, ки мардуми замонашро беҳтар аз ҳама бишносад ва имоми Содиқ донотарин фард нисбат ба мардуми замони худ аст чун тамоми ихтилофоти уммати Исломро мешинохт, пас вақте назди ишон меомадам мефармуд: Шумо инро мегӯед ва гурӯҳи дигар ингуна мегӯяанд. Имом, ба ҳама чиз дар воқеияти исломӣ, яъне ихтилофоти фирқаӣ, фиқҳӣ, каломӣ ва монанди он алоқаманд буд.»

Аз Молик ибни Анас, имоми мактаби моликӣ ривоят шудааст, ки фармуд: «Чашми ман дар фазилат ва илм ва тақво беҳтар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммадро надидааст».

Имом Ҷаъфари Содиқ (а); донишномаи замон

Агар аҳодиси имоми Содиқ (а)-ро мутолиа кунем, дармеёбем, ки ҳамаи мусталаҳоти Исломиро дар бар мегирад ва ба масоиле, ки дар он замон дар Ислом матраҳ мешуд низ мусаллат будааст. Ба тавре, ки ӯ бо масоили замони худ зиндагӣ мекард ва аз воқеият ҷудо набуд.

Рисолати тақриб байни мусулмонон

Алорағми ҳамаи ихтилофоти шадиди фирқаӣ, имоми Содиқ (а) намехост мусулмонон аз якдигар ҷудо шаванд; Воқеияте, ки имрӯз ба он дучор шудаем, яъне масоҷиди шиъа, ки сунниҳо дар он ҷое надошта бошанд ё масоҷиди аҳли суннат, ки дар он шиъаён ҷое надоранд, ба тавре, ки фирқагароӣ рух дода, мо ба марҳалае расидаем, ки афроди як фирқа, афроди фирқаи дигарро кофир медонанд. Имоми Содиқ (а) аҳамияти пойбандӣ ба ончиро, ки ба он эътиқод доранд ба мардум таъкид мекард, зеро масъалаи омехтани фикри худ бо фикри дигарон ба ин маъно нест, ки аз рӯи адаб аз фикри худ даст бикашед. Ё ваҳдати исломӣ ба ин маъно нест, ки шумо аз фикри худ даст бикашед, балки ба ин маъност, ки шумо бо мусулмонони дигар аз тариқи Ислом муттаҳид шавед.

https://iqna.ir/fa/news/4213339

captcha