IQNA

 Номаи садҳо фаластинӣ ба Арабистон: Таслими фишорҳо барои созиш бо Исроил нашавед 

22:09 - June 24, 2023
рақами хабар: 146
Садҳо сиёсатмадор ва равшанфикри фаластинӣ дар номае ба мақомоти расмии Арабистони Саудӣ аз онҳо хостанд таслими фишори Амрико барои оддисозии равобити Риёз бо Телавив нашаванд.

Теҳрон (ИКНА), ба нақл аз "Арабии 21", садҳо сиёсатмадор ва равшанфикри фаластинӣ дар номае ба раҳбарони Арабистони Саудӣ фишорҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Риёз барои кашондани он ба самти оддисозии равобит бо Телавивро маҳкум карданд.

Дар ин нома омадааст, ки поибандии Арабистон бар мавзеъи он дар ҳимоят аз ормони Фаластин ба нафъи ҷойгоҳи минтақаӣ ва ҷаҳонии он низ хоҳад буд.

Энтони Блинкин, вазири хориҷаи Амрико дирӯз панҷшанбе гуфт, ки кишвараш барои оддисозии равобит байни Арабистони Саудӣ ва Исроил талош мекунад.

Дар номаи шахсиятҳо ва фаъолони фаластинӣ бо ишора ба эътимод ва умеди миллати Фаластин ба мавзеъи Арабистони Саудӣ дар радди оддисозии равобит бо режими палиди саҳюнистӣ дар шароите, ки ҳанӯз масъалаи Фаластин ҳал нашудааст, гуфт: таърих ва сиёсат ва мавозеъи Арабистони Саудӣ ҳамвора дар ҳимоят аз масъалаи нахусти кишварҳои арабӣ ва мусулмонон тайи даҳаҳои гузашта токунун будааст.

Дар ин нома омадааст: мо фишорҳои Амрико ва Исроил бар Арабистон барои оддисозии равобит бо Телавивро маҳкум мекунем, зеро Амрико мехоҳад ба забони ҳуқуқи машрӯъи Фаластинён раванди оддисозӣ бо ин режимро пеш бибарад.

Имзо кунандагони ин нома аз Арабистон хостанд бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи минтақаӣ ва динии худ таслими фишорҳо барои созиш бо режими ишғолгар нашавад.

https://iqna.ir/fa/news/4149685

captcha