Ба гузориши манобеи хабарӣ, Қутб Мустафо Сано, дабири кулли маҷмаъи байналмилалии фиқҳи исломӣ дар баёнияе бар мамнуъияти анҷоми бидуни муҷаввизи маносики ҳаҷ таъкид кард ва гуфт: аъзо ва коршиносони ин маҷмаъ аз ҳамаи мусулмонони мехоҳад, ки ба ҳукми мундариҷ дар ин баёния мабни бар адами ҷавози рафтан ба ҳаҷ бидуни касби муҷаввиз аз мароҷеъи зирабт пойбанд бошанд.
Вай ҳамчунин аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хутабои масоҷид, воизон ва уламои дохил ва хориҷ аз ҷаҳони Ислом хост то ин баёнияро мунташир кунанд ва зимни табйини осори қонуни нақзи он, аз мусулмонон бихоҳанд, ки ба он пойбанд бошанд.
Пештар дар ҳамин робита Одил Ҳанафӣ, ноиби раиси Иттиҳодияи кулли мисриёни Арабистони Саудӣ эълом кард, ки аз имрӯз шанбе, 4 ме2024 (15 урдибиҳишт 1403) дастуруламали созмони ҳаҷ марбут ба мавсими ҳаҷи соли 1445/2024 иҷро мешавад.
Ҳанафӣ тавзеҳ дод, ки дастуруламали Созмони ҳаҷ мусталзими он аст, ки афроди муқими Арабистон, ки қасди вуруд ба Маккаро доранд бояд аз мароҷеъи зисалоҳ муҷаввиз бигиранд.
Ноиб раиси Иттиҳодияи кулли мисриёни Арабистон афзуд: дар сурати надоштани муҷаввизи вуруд, марокизи контрол амнияти мунтаҳӣ ба Маккаи мукаррама, аз вуруди онҳо ба Макка ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
Вай тасреҳ кард: худравҳо ва афроде, ки дорои муҷаввизи содира аз мароҷеъи зислоҳ барои вуруд ба мушоираи муқаддаса, ё мадраки иқомати содира аз Маккаи мукаррама, ё ҷавози умра ва ҳаҷ нестанд, бозгардонда хоҳанд шуд.