Ба гузориши ИКНА, ба шаҳодати таърих, тарҷумаи бахшҳое аз Қуръони Карим ба забонҳои мухталифи ғайри арабӣ аз замони худи Паёмбари Акрам (с) маъмул ва ҳангоме оғоз шуд, ки баъзе аз эрониён аз «Салмони Форсӣ» дархост карданд, ки нахустин сураи Қуръон (сураи Фотиҳа)-ро ба забони форсӣ тарҷума кунад ва Паёмбари Акрам (с) низ бо ин амр мувофиқат фармуд.
Аммо қадимитарин тарҷумаи ба ҷо монда аз Қуръони Карим тарҷумаи маъруфи тафсири Табарӣ аст, ки байни солҳои 350 - 365қ нигориш ёфт. Тарҷумаи дигаре низ дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ зоҳиран ҳам замон бо тарҷумаи Табарӣ сурат пазируфт.
Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои аврупоӣ
Нахустин тарҷумаҳои Қуръон ба 8 забони англисӣ, фаронсавӣ, ибрӣ, испониюлӣ, нидерландӣ, русӣ, италияӣ ва шветсияӣ анҷом шудааст.
Нахустин тарҷума ба забони аврупоӣ, тарҷумаи италияии «Андрета Аривабене» аст, ки дар соли 1547 м интишор ёфт. Аз рӯи тарҷумаи ӯ нахустин тарҷумаи олмонӣ ба қалами «Зломан Швайгер» анҷом шуд. Тарҷумаи Швайгер низ мабнои нахустин тарҷумаи нидерландӣ қарор гирифт, ки бидуни номи мутарҷим дар соли 1681 м ба бозор омад.
Нахустин тарҷумаи фаронсавӣ ба қалами «Андре Дориа» буд, ки дар чопҳои бисёр ва мутааддид миёни солҳои 1647- 1775 м интишор ёфт. Ин тарҷума низ мабнои нахустин тарҷумаи англисии Қуръон ба қалами «Александр Росс» ва низ тарҷумаҳои нидерландӣ ба қалами «Глаза Макер», олмонӣ ба қалами «Анга», ва русӣ ба ҳиммати «Постников» ва «Веривокин» шуд.
Пойгоҳи хабарии «Мисровӣ» дар матлабе ба нахустин нусхаи тарҷумаи Қуръон ба забони англисӣ пардохтааст, ки 300 сол аз умри он мегузарад. Дар идома бо вижагиҳои ин нусхаи тарҷумаи Қуръон ошно мешавем:
Нахустин тарҷумаи Қуръони Карим ба забони англисӣ тавассути «Александр Росс» (Alexander Ross) дар соли 1648 мелодӣ анҷом шуд, ки ӯ низ ба нақл аз тарҷумаи фарансавии Андре Дориа (Andrere duryer) фаронсавӣ анҷом додааст. Пас аз ӯ Ҷорҷ Сеал (Grorge Sale) дар соли 1734 мелодӣ ба таври мустақим аз рӯи нусхаи арабии Қуръон, онро ба забони англисӣ тарҷума кард ва ин тарҷума борҳо бо муқаддимае таҳти унвони «мақолае дар боби Ислом» ба чоп расидааст. Мутарҷим дар ҳошияи тарҷумаи худ бархе тафосири Қуръон аз ҷумла тафсири Байзовиро овардааст.
«Руд Вел» (Road Well), ки як кишиши англисӣ буд низ Қуръони Каримро ба забони англисӣ тарҷума ва тарҷумаи худро бар асоси тартиби таърихӣ нузули оёт мураттаб кард.
Тарҷумаи Ҷорҷ Сеал аввалин нусхаи тарҷума шудаи Қуръони Карим аст, ки беш аз 3 қарн пеш анҷом шудааст. Ин нусха аз тарҷумаи Қуръон дорои атрофи тилокорӣ шудааст ва ба ҳангоми фишор додан ҳар як аз атрофи он, тасвире аз шаҳри Маккаи Мукаррама ва Каъба намоён мешавад.
7 нукта дар мавриди қадимитарин тарҷумаи Қуръони Карим
1. Ҷорҷ Сеал қуръонро дар соли 1734 мелодӣ ба англисӣ тарҷума кард ва ин тарҷума, тарҷумаи мафоҳими Қуръон аст ва оёт ба сурати таҳтуллафзӣ тарҷума нашудааст.
2. Манобеъи таърихӣ гузориш кардаанд, ки «Волтер» файласуфи фаронсавӣ дар мақолоти худ дар бораи Ислом ва ҳазрати Муҳаммад (с), ба он истинод кардааст.
3. Тарҷумаи Сеал, аввалин тарҷумаи мустақими Қуръон аз арабӣ ба англисӣ маҳсуб мешавад, зеро танҳо нусхаи англисии дигар, тарҷумае аз забони фаронсавӣ буд, ки дар соли 1649 мунташир шуд. Лизо тарҷумаи Сеал танҳо тарҷумаи англисии Қуръон то авохири қарни нуздаҳум будааст.
4. Сеал муқаддимаи 200 сафҳаӣ бар тарҷумаи худ навиштааст, ки дар он ба тавзеҳи шароити таърихии нузули Қуръон мепардозад ва чакидае аз аъроб ва мусулмонон, одоб ва русум ва ақоиди онҳо ироа медиҳад. Аммо ӯ дар муқаддима ишора мекунад, ки ҳадаф аз ин тарҷума «кумак ба протистонҳо барои дарки Қуръон аст то бидонанд чигуна метавонанд алайҳи Қуръон истидлол кунанд.»
5. Томас Ҷефферсон, севумин раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ва нависандаи эъломияи истиқлоли ин кишвар ба ин нусхаи Қуръон даст ёфтааст. Ба эҳтимоли зиёд Ҷефферсон барои эҷоди равобити дипломатик ва дарки одоб ва русум ва равиши зиндагии мардум дар императории Усмонӣ ва шимоли Африқо ба Қуръон эҳтимом меварзидааст.
6. Тарҷумаи Қуръони Ҷефферсон ба далели арзиш ва камёб будани он, танҳо ба муддати се моҳ дар ғурфаи Амрико дар намоишгоҳи Экспои Дубай 2020 ба намоиш даромад.
7. Бар асоси баёнияи матбуотие, ки аз сӯи Экспо 2020 содир шуд, нусхаи мазкур дар як ҷаъбаи чӯбие, ки барои ҳамл ва нақли эмин омода шуда буд, ба ҳамроҳи сенсори ларзиш муттасил ба он ва назорат бар тағйироти дамо ба Дубай мунтақил шуд ва дар тӯли масир тавассути китобдорон, маъмурони амниятӣ ва як ширкати ҳамлу нақли байналмилалии мутахассис дар ҳамл ва нақли аҷноси камёб, ҳамроҳӣ шуд.