Ба гузориши Алҷазира, платформаи санади вижаи омӯзиши маҷозии Қуръони Карим ба унвони бузургтарин платформаи маҷозӣ дар ҷаҳон рӯзи гузашта ва бо ҳузури шуморе аз уламо, қориён ва аъзои шӯрои илмии ин платформа оғози ба кор кард.
Ба гуфтаи мутаваллиёни ин платформа, «санади» шомили бахшҳои омӯзишӣ назарӣ ва амалии Қуръон аст. Бахши назарии ин платформа, ки «санади Минҳоҷ» ном дорад, ба омӯзиши бахшҳои назарии тиловати Қуръон бо ҳузури шуморе аз уламои бузург дар ин ришта мепардозад. Дар ин бахш, ки бо истифода аз равиши илмӣ, таомулӣ ва модерн ба омӯзиши назарии илмии тиловат ва таҷвид тамаркуз дорад, қорӣ метавонад пас аз тайи муваффақиятомези давраи омӯзишӣ мадраки худро аз шӯрои амалии ин платформа дарёфт кунад.
Илова бар ин, омӯзиши ҷанбаи амалӣ аз тариқи барномаҳои «санади иҷоза» ва «санади итқон» сурат мегирад. Ин барномаҳо як системи стандарт барои омӯзиши тадриҷӣ ба ҳамроҳи озмунҳои мухталиф ва дар ниҳоят таъйид маҳорати амалии қорӣ дар заминаи тиловат маҳсуб мешаванд.
Ба гуфтаи масъулони ин платформаи маҷозии омӯзиши Қуръони Карим, тақозои зиёд ва рӯзафзун барои омӯзиши Қуръони Карим, маҳдудияти дастрасӣ ба қориён ва ҳамчунин аҳамияти рафъи ниёзҳои мусулмонони ҷаҳон ба тиловати саҳеҳи Қуръони Карим ба вижа дар манотиқи дӯрдаст аз муҳиммтарин авомили оғози фаъолияти ин платформа будааст.
Корбарони ин платформа пас аз гузарондани мароҳили омӯзиши хос ва дақиқ гувоҳинома ва иҷозаи назарӣ ва амалии тиловат дарёфт мекунанд. Шӯрои омӯзишии ин платформа мураккаб аз чиҳил қорӣ ва олими қуръонӣ дар риштаҳои таҷвид ва тиловат аст, ки барои нахустин бор дар сатҳи ҷаҳон ва бо истифода аз фановариҳои модерн ва равишҳои амалӣ ба омӯзиши Қуръони Карим мепардозанд.