Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Ҳаҷ, маросими бадрқаи нахустин гурӯҳ аз зоирони ҳаҷи Тамматтуъи 1403, ки аз тариқи терминали Саломи шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ (рҳ) озими Мадинаи Мнаввара шуданд, бомдоди душанбе, 24 урдибиҳишт моҳ бо ҳузури ҳуҷҷатулислом Сайид Абдулфаттоҳи Наввоб, намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат ва сарпарастии ҳуҷҷоҷи эронӣ; Сайид Аббоси Ҳусайнӣ раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрат; Сафири Арабистон дар Теҳрон ва чанд нафар аз масъулони ҳавопаймоӣ баргузор шуд.
Зарурати дуо барои мазлумони Фаластин дар сарзамини ваҳй
Ҳуҷҷатулислом Сайид Абдулфаттоҳи Наввоб, намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат дар оини бадрқаи нахустин корвонҳои зоирони эронии ҳаҷҷи Тамматтуъ, ҳаҷҷи мақбӯлро барои ҳамаи зоирони Байтуллоҳилҳаром аз Худованди Мутаол масъалат кард ва бо баёни инки шиори ҳаҷҷи имсол «Қуръон меҳварӣ, ҳамдилӣ ва иқтидори исломӣ ва дифоъ аз Фаластини мазлум» аст, ба зоирон тавсия кард, ки дар Масҷидннабӣ (с) ва Масҷидулҳаром унс бо каломи ваҳйро бо тиловат ва хатми Қуръон барқарор кунанд.
Сарпарасти ҳуҷҷоҷи эронӣ дар идома ба бахше аз шиори ҳаҷҷи Тамматтуъи имсол бо унвони ҳамдилӣ ишора ва аз зоирони эронӣ хост, ки иртибот ва таомули хубе бо зоирон ва мусулмонони кишварҳои мухталиф дошта бошанд. Марҳум «шайх Солеҳ ибни Абдурраҳмон Ал-Ҳасин», раиси асбақи шуъуни Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ пайваста таъкид дошт, ки зоирони эронӣ аз назм ва барномарезии хубе бархурдор ҳастанд ва таомул ва иртиботи хубе бо ҳуҷҷоҷи соири кишварҳо доранд.
Ҳуҷҷатулислом Наввоб, иқтидори исломӣ ва дифоъ аз Фаластини мазлумро бахши дигаре аз шиори ҳаҷҷи имсол эълом кард ва гуфт: зоирон бояд машйи набавӣ дошта ва барои пирӯзии мардуми Фаластин дар сарзамини ваҳй дуо кунанд.
Вай дар идома ба ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) ишора кард ва гуфт: Набии мукаррами Ислом фармудаанд: من اصبح ولایهتم بامور المسلمین فلیس منهم ومن سمع رجلا ینادی یا للمسلمین فلم یجبه فلیس بمسلم: Ҳар кас субҳ кунад ва ба умури мусулмонон ҳиммат наварзад ва ҳаркас фарёди кумакхоҳии касеро бишинавад ва ба кумакаш нашитобад, мусулмон нест.
Намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат бо ишора ба ин, ки имрӯз мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиён дар саросари ҷаҳон якпорча ҳомии Фаластин шудаанд, гуфт: Мо низ ба таассӣ аз ҳазрати Муҳаммад (с) ва Аҳли байт (а) бояд ҳомии миллати мазлуми Ғазза бошем.
Намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат дар поён аз зоирони Байтуллоҳилҳаром, ки озими Мадинаи мнаввара ҳастанд хост, ки аз тарафи сокинони Ғазза ба Паёмбар (с) салом диҳанд ва дар Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ (с) ба нияти шуҳадои Ғазза намоз иқома кунанд ва савоби онро ба рӯҳи ин шуҳадо тақдим кунанд.