IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 20

Қуръон заминасози гуфтугӯ ва иртибот

21:29 - June 25, 2023
рақами хабар: 151
Як пажӯҳишгари исломӣ зимни нақди дидгоҳе, ки мутуни муқаддасро мутуни амрӣ ва таклифӣ қаламдод мекунад, ба оёте аз Қуръон ишора кард, ки ба равшанӣ нишон медиҳад, ки матни Қуръон бистари муносибе барои гуфтугӯ ва иртибот аст.

Расули Расулипур, устоди донишгоҳи Хоразмӣ дар нишасти “Гуфтугӯ, роҳи мондагор” ба баёни матолибе дар бораи дастуроти Ислом дар бораи гуфтугӯ пардохт, ки гузидаи ин суханонро дар идома мехонед.

Мавзӯъе, ки ман интихоб кардам даъвати Қуръон ба гуфтугӯи ҳамгароёна аст. Ин унвонро аз калимаи “سَوَاءٍ” дар ояти 64 сураи Оли Имрон гирифтам: قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَى كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ; “Бигӯ эй аҳли китоб биёед бар сари сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст биистем, ки ҷуз Худоро напарастем ва чизеро шарики Ӯ нагардонем ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба ҷои Худо ба худоӣ нагирад”.

Ба назар меояд мутуни муқаддас, мутуни амрӣ ҳастанд ва мутуни муносибе барои гуфтугӯ нестанд ва бояд бештар аз ин мутун баҳра бибарем ва маҷоле барои гуфтугӯ нест. Ман мехоҳам ин иддаоро нақз кунам ва бигӯям дуруст аст, ки мутуни муқаддас ҳамаи шароити гуфтугӯро надоранд вале усули гуфтугӯ дар мутуни муқаддас ҳаст.

Оёти Қуръон барои бистарсозии гуфтугӯ

Аз назари шакли зоҳирӣ, калимаи “یسألونک” (Аз ту мепурсанд) дар Қуръон пур аз саволоти мардум ва посухҳои Паёмбар(с) аст, ки аз хилоли он заминаи ҳамсуханӣ ва иртибот эҷод шудааст. Худи ин савол ва посух нишондиҳандаи тамрини одобӣ аст, ки мутуни муқаддас ба мо ёд медиҳанд. Аз он тараф, оётеро дар назар бигиред, ки Паёмбар(с) худашро ба унвони як инсони ҷоҳил муаррифӣ мекунад: وَمَا أَدْرِي مَا يُفْعَلُ بِي وَلَا بِكُمْ; “Намедоним бо ман ва шумо [дар дунё ва охират] чӣ хоҳад шуд” (Аҳқоф, 9) ё оти дигаре, ки мефрмояд: قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحَى إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ: “Ман башаре монанди шумо ҳастам, [на аз ҷинси дигар, ки суханамро нафаҳмед] ба ман ваҳй мешавад, ки маъбуди шумо фақат маъбуди яктост, пас [бо дӯрӣ аз ифрот ва тафрит] ба сӯи Ӯ рӯй кунед, ва аз Ӯ омӯрзиш бихоҳед, ва вой бар мушрикон” (Фуссилат, 6). Бо ин оёт заминаи гуфтугӯ бо Паёмбар(с) фароҳам мешавад, чун мардум мебинанд Паёмбар(с) алорағми таҷрибаи мутаолии иртибот бо амри муқаддас, ба ин шакл худашро ҷоҳил нисбат ба сарнавишти худаш муаррифӣ мекунад.

Табист, ки амри донистани мутуни муқаддас, омӯзаҳоеро дар ин мутун пурранг мекунад, ки баёнгари бартарӣ ва ҳаққонияти ин мазҳаб аст ва боқӣ дар баробари он ё бояд таслим шаванд ё бимиранд. Аммо Худованд мефармоянд: لَيْسَ بِأَمَانِيِّكُمْ وَلَا أَمَانِيِّ أَهْلِ الْكِتَابِ مَنْ يَعْمَلْ سُوءًا يُجْزَ بِهِ وَلَا يَجِدْ لَهُ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا; “[Подош ва кайфар] ба дилхоҳи шумо ва ба дилхоҳи аҳли китоб нест ҳар кас бадӣ кунад дар баробари он кайфар мебинад ва ҷуз Худо барои худ ёр ва мададкоре наме‏ёбад” (Нисо, 123). Пас аз назари Қуръон, мазҳаб ва маром милок нест, балки ончи милок аст, феъли шумо аст.

Дар таъйиди инки мешавад бо мутуни муқаддас вориди гуфтугӯ шуд оёти 24 ва 25 сураи Сабаъ бисёр зебо баён кардааст: وَإِنَّا أَوْ إِيَّاكُمْ لَعَلَى هُدًى أَوْ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ; “Ва дар ҳақиқат‏ ё мо ё шумо бар ҳидоят‏ ё гумроҳии ошкорем” (Сабаъ, 24). Ин оят инҳисор намекунад, ки мо аҳли ҳидоят ҳастем ва шумо аҳли залолат ҳастед. قُلْ لَا تُسْأَلُونَ عَمَّا أَجْرَمْنَا وَلَا نُسْأَلُ عَمَّا تَعْمَلُونَ; “Бигӯ [шумо] аз ончи мо муртакиб шудаем бозхост нахоҳед шуд ва [мо низ] аз ончи шумо анҷом медиҳед, бозхост нахоҳем шуд” (Сабаъ, 25) ҷолиб аст дар мавриди худаш мегӯяд чӣ ҷурме муртакиб шудем вале дар мавриди тарафи муқобил мегӯяд чӣ амале анҷом додед.

Калидвожа: Мутуни муқаддас, заминаҳои гуфтугӯ, дин дӯстӣ, ояти сареҳи Қуръон

captcha