Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз ОстОни муқаддаси Алавӣ, ДОрулқуръон, ки вобаста ба бахши умури фикрӣ ва фарҳангии ин остон аст, нишастҳои Қуръонии худро дар вилоятҳои Найнаво, Каркук, Басра, Диёли, Зӣ-Қор, Салоҳуддин, Бағдод, Восит, Дивония, Мусано ва дигар минтақаҳои Ироқ оғоз намудааст.
Дар ин нишастҳо, гурӯҳе аз устодони ҳавзаи илмия (маркази илми исломӣ) ва мутахассисони соҳаи таҳқиқоти Қуръонӣ ширкат доранд.
Алоа Муҳсин, масъули Дорулқуръони Остони муқаддаси Алавӣ, таъкид кард, ки ҳадафи ин барнома густариши фарҳанг ва огоҳии Қуръонӣ ва тақвияти робита бо муассисаҳои Қуръонӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин нишастҳо ба мавзӯъҳое монанди тадббур дар Қуръон (яъне бо андеша хондани Қуръон) ва таъсири он ба рушди шахсӣ ва иҷтимоӣ пардохта мешавад. Ҳамчунин, нақши муассисаҳои динӣ дар собит нигоҳ доштани арзишҳои аслии Қуръонӣ мавриди баҳс қарор мегирад.
Ин ибтикор (ташаббус) бахше аз талошҳои Остони муқаддаси Алавӣ барои таблиғ ва густариши огоҳии динӣ ва фарҳанги Қуръонӣ ва таҳкими пайванди мардум бо Қуръони Карим ба шумор меравад, ки тавассути барномаҳои гуногуни саҳнӣ дар вилоятҳои Ироқ иҷро мешавад.
4310442