Агар дар миёни аҳли як ҷомеа рӯҳияи ҳамкорӣ ҳукмрон бошад, заминаи хубе барои пешрафти моддӣ ва маънавии он ҷомеа фароҳам мешавад. Ҳамкорӣ ва кӯмак ба ҳамдигар заминаеро муҳайё мекунад, ки ҷомеа ба тараққӣ, рушд ва гулгулшукуфии ҳамаҷониба ноил гардад.
Аз ҳамин сабаб, Ислом корҳои гурӯҳиро аз корҳои фардӣ авлотар медонад; зеро корҳои дастаҷамъӣ устувортар ва самараноктаранд. Чунки вақте қувваҳои инсонҳо ҷамъ шаванд, як нерӯи бузурге ба вуҷуд меояд, ки ҳар мушкилеро осон мекунад.
Пайғамбари гиромии Ислом (с) фармудаанд:
(مَنْ أَصْبَحَ لاَ يَهْتَمُّ بِأُمُورِ اَلْمُسْلِمِينَ فَلَيْسَ مِنْهُمْ وَ مَنْ سَمِعَ رَجُلاً يُنَادِي يَا لَلْمُسْلِمِينَ فَلَمْ يُجِبْهُ فَلَيْسَ بِمُسْلِمٍ)
«Ҳар касе ки нисбати кору ҳолати мусалмонон бепарво бошад, аз онҳо нест. Ва ҳар касе нидои кӯмакхоҳии як мусалмонро бишнавад ва ба ӯ кӯмак накунад, мусалмон нест».
Пас, иштирок кардан дар корҳои хайр, иҷтимоӣ ва муфид бо нияти холисона, бар ҳар як мӯъмин воҷиб аст. Он касе ки нисбат ба масоили иҷтимоии мусалмонон ва ҳатто як мусалмон бетафовут бошад ва фақат ба фикри худ бошад — ӯ мусалмон ҳисобида намешавад.
Ба унвони мисол, яке аз мушкилоти ҳамешагии ҷомеаҳои инсонӣ, тафовути табақотии шадид миёни мардум аст. Ин тафовут ҷомеаро ба ду табақа ҷудо мекунад: як гурӯҳе, ки аз заруриятҳои асосии зиндагӣ монанди ғизо, манзил ва либос маҳруманд, ва гурӯҳи дигаре, ки он қадар сарват доранд, ки ҳисобашро намедонанд ва дар нозу неъмат ғарқанд.
Ҷомеаи солеҳ ва бар асоси арзишҳои илоҳӣ ва инсонӣ, ҷомеае аст, ки ҳар фарди он, бо вуҷуди тафовутҳо ва қобилиятҳои гуногун, аз неъматҳои Худо баҳра барад ва меҳрубонӣ ва ҳамкорӣ дар байни мардум ҳукмфармо бошад. Зеро ҳадафи зиндагии иҷтимоӣ — ёрӣ ба якдигар аст, то барои расидан ба камол роҳ осонтар шавад.
Албатта Ислом барои аз байн бурдани ин фосилаи табақотӣ барномаҳои васеъ дорад, мисли: манъи рибохӯрӣ, воҷиб кардани закот ва дигар андозҳои исломӣ, ташвиқ ба инфоқ (бахшиш), вақф, қарзи ҳасана ва кӯмакҳои гуногуни молӣ. Аммо яке аз роҳҳои таъсиргузори ин масъала, ҳамкорӣ ва ёрмандӣ барои таъмини ниёзҳои фақирон аст.
Дар ёддоштҳои баъдӣ ба тавзеҳи мафҳуми "таъовун" ва зарурати он, ва ҳамчунин ба асосҳои назариявии ҳамкорӣ дар Қуръон ва аҳодис мепардозем.