IQNA

Иқомаи намози ҷумъаи Масҷидулақсо бо ҳузури 25 ҳазор фаластинӣ

5:51 - May 18, 2024
рақами хабар: 1513
ИКНА - Ҳазорон фаластинӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадиди неруҳои полиси режими ҷинояткори саҳюнистӣ, намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо иқома карданд. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳазорон нафар аз намозгузорон бо таваҷҷуҳ ба тадобири шадиди низомие, ки тавассути неруҳои ишғолгари режими ҷинояткори саҳюнистӣ, бар дарвозаҳои Масҷидулақсо ва дар муҷовирати шаҳри қадимии Байтулмуқаддаси ишғолӣ эъмол шуда буд, намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Неруҳои ишғолгари Исроил ба намозгузорон наздики Бобул-Асбот дар ҳоле, ки онҳо саъй доштанд аз исти бозрсии низомӣ убур карда ва ба Масҷид бирасанд ҳамла карданд.

Ихроҷшудагон аз Масҷидулақсо, ки ишғолгарон монеъ аз расидани онҳо ба масҷид шуданд, алорағми ҳамалоти ишғолгарон дар наздикии Бобул-Асбот намоз хонданд. 

Идораи авқофи исломӣ дар Байтулмуқаддас гузориш дод, ки 25 ҳазор намозгузор дар дохили Масҷидулақсо намози ҷумъаро иқома карданд.

Теъдоди намозгузорон дар Масҷидулақсо дар натиҷаи ташдиди иқдомоти сахтгиронаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ аз оғози таҷовузоти ҳамаҷониба ба Фаластиниён дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ аз ҷумлаи Қудси ишғолӣ аз октябри гузашта коҳиш ёфтааст.

Ишғолгарон ҳамчунин ҳазорон фаластинӣ аз манотиқи мухталифи Каронаи Бохтариро аз расидан ба Байтулмуқаддас барои иқомаи намоз дар Масҷидулақсо маҳрум мекунад ва монеъи убури онҳо аз исти бозрсии низомии атрофи Байтулмуқаддас мешавад.

https://iqna.ir/00Hgry

captcha