Ба гузориши манобеи хабарӣ, сониҳаи фуруди сахт барои болгарди ҳомили раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон рух додааст ва шароити сахти обуҳавоии маҳалли вуқӯъи сониҳа дар Озарбойҷони Шарқӣ ва дар ҳавои пур аз туман эълом шудааст.
Гуфта шуда устондори Озарбойҷони Шарқӣ, оятуллоҳи Оли Ҳошим ва Амир Абдуллоҳиён низ дар болгарди ҳомили раисҷумҳур ҳузур доштаанд.
Идомаи ҷустуҷӯ тавассути басиҷиён барои ёфтани болгарди ҳомили раисҷумҳури Эрон
Фамондаи Сипоҳи Ошуро бо ишора ба сониҳаи суқути болгарди ҳомили раисҷумҳури ин кишвар гуфт: дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯ барои пайдо кардани болгарди ҳомили раисҷумҳур тавассути басиҷиён ва гурӯҳҳои имдодӣ идома дорад.
Сардор Асғар Аббосқулизода, ки дар минтақаи Озарбойҷони Шарқӣ ҳузур дорад ва амалиёти ҷустуҷӯро ҳидоят ва роҳбарӣ мекунад, афзуд: гурдонҳои Имом Алӣ, Имом Ҳусайн ва басиҷиёни ҳавзаҳои шаҳрӣ ва рустоӣ аз 4 шаҳристони Варзқон, Табриз ва Ҷалфо ба минтақа эъзом шудаанд.
Эъзоми 40 тими вокуниши сареъ ба маҳалли вуқӯъи сониҳаи болгарди ҳомили раисҷумҳур
Раиси Созмони Ҳилоли Аҳмар аз эъзоми 40 тими вокуниши сареъ ба маҳалли вуқӯъи сониҳаи болгарди ҳомили раисҷумҳур хабар дод.
Пирҳусейн Куливанд, раиси Созмони Ҳилоли Аҳмар гуфт: чиҳил тими вокуниши сареъ дар минтақаи вуқӯъи сониҳа дар ҳоли амалиёти ҷустуҷӯ ҳастанд.
Вай идома дод: бо таваҷҷуҳ ба шароити обуҳавоии минтақа ҳанӯз иттилооти дақиқ аз наҳваи вуқӯъи сониҳа ва вазъияти болгард вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи Пирҳусейн Куливанд, раиси Созмони Ҳилоли Аҳмар, минтақа номуносиб ва саъбул убур аст вале гурӯҳҳои имдод бо талоши зиёд дар ҳоли анҷоми амалиёт ҳастанд.
Вай афзуд: неруҳои вокуниши сареъ аз тариқи замин ба маҳалли вуқӯъи ин сониҳа эъзом шудаанд.
Пирҳусейн Куливанд, раиси Созмони Ҳилоли Аҳмар идома дод: имдодгарон дар тамоми масирҳо амалиёти ҷустуҷӯро анҷом медиҳанд ва аз устонҳои атроф ҳам неру дар ҳоли эъзом ба минтақа аст.
Раиси ҷамъияти ҳилоли аҳмар гуфт: ин амалиёт беш аз се соат аст, ки идома дорад
Вай баён дошт: аз 6 устони Теҳрон, Албурз, Ардабил, Занҷон ва Озарбойҷони Шарқӣ ва Ғарбӣ шомили 200 имдодгар ҳамроҳи тими Ҳилоли Аҳмар (сагҳои ҷустуҷӯгар) ба ҳамроҳи 2 фурванд паҳподи Ҳилоли Аҳмр дар минтақа дар ҳоли ҷустуҷӯи асаре аз болгарди ҳомили раисҷумҳур ҳастанд.
Борандагӣ ва туман то фардошаб дар минтақаи ҳодисаи болгарди раисҷумҳур идома дорад
Мудири кулли ҳавошиносии Озарбойҷони Шарқӣ гуфт: борандагӣ ва туман то фардо шаб дар минтақаи Варзқон идома дорад.
Ҳабиб Абдалӣ дар гуфтугӯ ба хабарнигорон гуфт дар хусуси вазъияти обуҳавоӣ ва боришҳо дар маҳалли ҳодисаи болгарди ҳомили раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: сомонаи боришӣ дар минтақа ҳоким аст ва то фардо шаб шоҳиди бориш дар он минтақа хоҳем буд.
Вай бо ишора ба инки ҳамакнун дар минтақа тумани сахте ҳоким аст, афзуд: бориши борон низ ҳамчунон идома дорад.
https://tajikpress.com/2024/05/19/