IQNA

Раҳбари Олии Инқилоби Эрон дар вокуниш ба сониҳаи болгарди ҳомили раисҷумҳур:

Ҳама барои саломатии ин ҷамъи хидматгузор дуо кунанд / миллати Эрон нигарон ва дилвопас набошанд

22:24 - May 19, 2024
рақами хабар: 1522
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Олии Инқилоби Исломии Эрон таъкид карданд: Ҳама барои саломатии ин ҷамъи хидматгузор дуо кунанд. Миллати Эрон нигарон ва дилвопас набошанд, ҳеҷ ихтилоле дар кори кишвар ба вуҷуд намеояд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон имшаб дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои Сипоҳиёни Посдор, ки ба муносибати шаби мелоди Имом Ризо (а) баргузор шуд, бо ибрози таассур аз ҳодисаи нигарон кунандаи асри имрӯз барои раисҷумҳури муҳтарам ва ҳамроҳони ишон, гуфтанд: Умедворем Худованди Мутаол раисҷумҳури муҳтарам ва муғтанам ва ҳамроҳони ишонро ба оғӯши миллат баргардоанд. Ҳама барои саломатии ин ҷамъи хидматгузор дуо кунанд.

Раҳбар Олии Инқилоби Эрон баён карданд: миллати Эрон нигарон ва дилвопас набошанд, ҳеҷ ихтилоле дар кори кишвар ба вуҷуд намеояд.

https://iqna.ir/00HgzA

captcha