IQNA

Раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш ба шаҳодат расиданд

12:02 - May 20, 2024
рақами хабар: 1526
ИКНА - Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳодисаи суқути болгард дар минтақаи кӯҳистонии шимоли ғарби Эрон ба шаҳодат расид. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ аз шуҳадои ин ҳодиса аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, оятуллоҳ “Сайид Иброҳими Раисӣ” раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон асри дирӯз дар ҳодисаи суқути болгард ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад. Раисӣ барои ифтитоҳи «садди марзии «Қиз Қалъаси» ба Озарбойҷон Шарқӣ сафар карда буд, ва болгарди ҳомили вай ва ҳамроҳонаш дар масири бозгашт дар «ҷангли Дизмор» дар маҳдудаи умумӣ байни Варзақон ва Ҷилфои устони Озарбойҷони Шарқӣ дучори сониҳа шуд.

Оятуллоҳ Оли Ҳошим, имом ҷумъаи Табрез, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа, Молики Раҳматӣ устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва чанд тани дигар аз ҳамроҳони раисҷумҳури Эрон дар ин болгард аз шуҳадои ин ҳодиса ҳастанд.

Шароити сахти обуҳавоӣ, шиносоии маҳалли вуқӯъи сониҳаро бо душворӣ мувоҷеҳа карда буд ба ҳамин далел, кори тимҳои имдодӣ барои расидан ба минтақа бо душвории бисёре ҳамроҳ шуд.

https://iqna.ir/00Hh07

captcha