Худдории радиои ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз пахши барномаҳои фароғатӣ ба адои эҳтиром ба мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар асари як сонеҳа ба ҳалокат расиданд, рабт дорад.
Раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар, Нуриддин Саид ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш ба тамоми радио ва телевизионҳои давлатии кишвар дастур додааст, ки аз пахши мусиқӣ дар давоми ду рӯз худдорӣ кунанд.
"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст", - гуфт Нуриддин Саид.
Рӯзи 19 май, раисҷумҳури Эрон, Иброҳими Раисӣ бо иттифоқи 8 нафари дигар, аз ҷумла Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асари суқути чархболашон дар вилояти қисмати шимолии вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин дар Эрон панҷ рӯзи мотам эълон гардида, дар намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ низ парчамҳо поин оварда шуданд.
https://sputnik.tj/20240520/