Ба гузориши ИКНА, маросими бузургдошти шаҳодати ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ; Раисҷумҳури фақид, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Оли Ҳошим; Имом ҷумъаи фақиди Табрез, оқои доктор Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён; Вазири умури хориҷаи фақид, оқои доктор Молики Раҳматӣ; Устондори фақиди Озарбойҷони Шарқӣ, сардор Сайидмаҳдии Мусавӣ; Сартими ҳифозати раисҷумҳур ва азизони кодри парвоз, аз сӯи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз, шанбе, дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ(рҳ) ва бо ҳузури сарони қуво, мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ, меҳмонони хориҷӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва ақшори мухталифи мардум баргузор шуд.
Маросим бо тиловати оёте аз каломуллоҳи Маҷид тавассути Муҳаммадҳусайни Саидиён, қории байналмилалии кишвари Эрон, оғоз шуд.
Дар идома Карими Мансурӣ, қории байналмилалии кишварамон, оёте аз каломуллоҳи Маҷидро қироат кард.
Пас аз он Маҳмуди Каримӣ, маддоҳи Аҳли байт (а), бо навои гарми худ ба марсияхонӣ ва мадеҳасароӣ барои шуҳадои роҳи хидмат пардохт.
Сипас оёти рӯҳбахши каломи ваҳй бо навоии Қосими Муқаддамӣ, қории байналмилалии кишвари Эрон, танинандоз шуд.
Маросим бо маддоҳии Муртазо тоҳирӣ, маддоҳли Аҳли байт (а) дар расои шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ идома ёфт.
Дар идома Ҳамидризо Аҳмадивафо, қории байналмилалии кишвари Эрон, оёте аз сураи «Раҳмон»-ро тиловат кард.
Пас аз он ҳуҷҷатулислом ваалмуслимин Носири Рафиъӣ, устоди ҳавза ва донишгоҳ суханронӣ кард.
Вай ба мӯҳтавои зиёрати Аминуллоҳ ва фарозе «اللَّهُمَّ فَاجْعَلْ نَفْسِی مُطْمَئِنَّهً بِقَدَرِکَ رَاضِیَهً بِقَضَائِکَ مُولَعَهً بِذِکْرِکَ وَ دُعَائِکَ» ишора кард ва гуфт: Худоё мо ба барномарезӣ ва қазои ту итминон дорем ва ором ҳастем. Чаро ин андоза бар сифати ризо дар ривоёти мо таъкид шудааст? Мақоми муаззами раҳбарӣ фармуданд беҳтаринҳо аз мо гирифта шуд мо хилофи тақдири шиква нахоҳем кард, гиря мекунем, аммо шиква на. Камо ин ки он чи барои Расули Аллоҳ (с) иттифоқ меафтад ҳеҷгоҳ нафармуданд эй кош ингуна намешуд. Бинобар он чи дар мусҳафи шариф омадааст; Худованд ду унвон ва сифатро ба афроди розӣ додааст: аввал; «يا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ» инсон розӣ, соҳиби нафси мутмаина аст ва дувум; «رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ أُولَئِكَ حِزْبُ اللَّهِ» инсонҳои розӣ ба ризои илоҳӣ, Ҳизбуллоҳи воқеӣ ҳастанд. Бинобар ин ҳамеша ин ҷумларо дар зеҳни худ тадоӣ кун; «مَا تُرِیدُ اِلَّا مَا اُرِیدُ».
Ҳуҷҷатулислом Рафиъӣ дар поён ба равзҳхонӣ аз ҳазрати Заҳро (с) ва ҳодисаи Карбало пардохт.