IQNA

Сайид Ҳасан Насруллоҳ: Оятуллоҳ шаҳид Раисӣ як улгу ва усва буд

22:53 - May 26, 2024
рақами хабар: 1560
ИКНА - Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими бузургдошти Оятуллоҳ шаҳид Раисӣ, шаҳид Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён ва ҳамроҳони ишон дар атрофи Бейрут ба суханронӣ пардохт.

Маросими бузургдошти шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ ва шаҳид Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён дар ҳусайнияи Сайидушуҳадо дар атрофи Бейрут бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мардуми Лубнон, шахсиятҳои лубнонӣ ва фаластинӣ баргузор шуд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ибтидои суханони худ гуфт, ки ба далели мувоҷиҳа шудан бо рӯзҳои  ҳузн ва андӯҳи шаҳодати Оятуллоҳ Раисӣ ва шаҳид Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён имсол маросими «иди муқовимат» ва солрузи озодсозии ҷануби Лубнон аз ишғоли режими саҳюнистӣ баргузор нашавад.

Ӯ дар идома ба баёни табрик ба ҳамаи мардуми Лубнон ва тамоми озодагони ҷаҳон ба муносибати озодсозии ҷануби Лубнон иктифо кард ва ҳамчунин даргузашти аллома шайх Алии Кӯронӣ аз уламои Лубнонро низ тасалият гуфт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома шаҳодати Оятуллоҳ Иброҳим Раисӣ, Оятуллоҳ Оли Ҳошим, шаҳид Амир Абдуллоҳиён ва шаҳид Молики Раҳматиро ба маҳзари мақоми олии раҳбари Эрон, мардуми Эрон ва хонаводаҳои ишон тасалият гуфт.

Насруллоҳ дар идома гуфт, ки ба таври маъмул дар маросимоти бузургдошт ба баёни шахсият ва сулуки ашхос пардохта мешавад, чаро ки мардум ба «усва» ниёз доранд ва усва танҳо дар мақоми набувват ва имомат нест, балки усва метавонад раисҷумҳур, вазири хориҷа, имом ҷумъа, муаллим ва ҳар фарде бошад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки шаҳид Раисӣ як улгу ва усва дар тамоми мароҳили масъулияти худ ва ҷойгоҳҳое, ки ҳузур дошт буд.

Ӯ гуфт: «Шаҳид Раисӣ сифате, ки ин рӯзҳо мешунавем, яъне “ходимурризо”-ро ба дастовард, чаро, ки идораи тавлияти Разавӣ як масъулияти бузург буд ва авқофи вобаста ба остони Разавӣ аз бузургтарин мавқуфоти ҷаҳон аст».

Насруллоҳ афзуд: «Шаҳид Раисӣ дар ин масъулияти худ таҳаввули бузурге дар идора ва тавсеаи остони Разавӣ ва ироаи хадамот ба маҳрумин ва фуқаро анҷом дод; Шаҳид Раисӣ як фақеҳ, олим, муҷтаҳид, муъмин, мутавозеъ ва хеле шуҷоъ дар муқобили мунофиқин ва душманон буд ва ба муқовимат ва ормони муқовимат имон дошт».

Дар идомаи суханон дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: «Шаҳид Сайид Иброҳими Раиси ходими кишвараш буд ва ҳеҷ рӯз таътилӣ надошт ва мутиъи раҳбараш буд».

Раҳбари муқовимати Лубнон сипас ба хадамоти давлати шаҳид Раисӣ пардохт ва бо ишора ба сифати «Сайиди шаҳидони аҳли хидмат», гуфт: «аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979, Эрон дар маърази муҳосираи иқтисодӣ ва таҳримҳо қарор гирифтааст, ки рӯз ба рӯз густариш меёбад, ки бо ҷанги таҳмилӣ ва террорҳо ҳамроҳ шуд, ҳар раисҷумҳуре, ки дар Эрон масъулият ба дӯш мегирад муқобили худ парвандаҳои бисёр бузурге аз ҷумла парвандаҳои иқтисодӣ ва маишатӣ, арз, гиронӣ ва сиёсати хориҷиро мебинад, ки ҳамаи инҳо натиҷаи таҳрим ва муҳосира аст».

Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: «Дар давлати шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ як миллион ва 785 ҳазор қитъа замин барои сохти хона барои хонаводаҳои ниёзманд дода шуд, тавлиди нафт афзоиш ёфт ва ба 3 миллиону 500 ҳазор бушка дар рӯз расид, дар давлати шаҳид Раисӣ об ва барқ барои хонаводаҳои фақир маҷҷонӣ шуд ва рушди иқтисодӣ ба 6 дарсад расид; Дар сиёсати хориҷии равобит бо Шарқ ҳифз шуд ва равобит бо Ғарб дар як сатҳи муине идома ёфт, вуруди Эрон ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин муқобила бо короно дар ин давлат сурат гирифт».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома хадамоти шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ, афзуд: «дар давраи 3 солаи ин шаҳид дар шароити душвори иқтисодӣ ва маишатӣ ҳазорон корхона эҳё ва фурсатҳои шуғлии фаровоне эҷод шуд».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома гуфт: «Замоне, ки шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ пусти риёсатҷумҳуриро бар ӯҳда гирифт, дар ҳимояти ошкор ва аланӣ аз наҳзатҳои муқовимат дар ҳар сатҳе аз ҳеҷ талоше дареғ накард ва дар ин замина тааҳҳуди болое дошт, шаҳид Раисӣ бисёр ба мавзӯъи ормони Фаластин ва муқовимат ва ҷунбишҳои муқовимат имон дошт ва ба шиддат душмани саҳюнистҳо буд».

Ба гуфтаи Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дар давраи масъулияти шаҳид Раисӣ, ҳузури дипломосии Эрон дар маҷомеъи минтақаӣ ва байналмилалӣ шоҳиди як таҳаввуле буд ва аввалавият ба тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва шарқ дода шуд.

Ишон ҳамчунин шаҳиди Ҳусайни Амир Абдуллоҳиёнро дӯстдори Лубнон ва Фаластин ва ҷунбишҳои муқовимат донист ва онро як вижагии мутамоизи ин шаҳид унвон кард.

Сайид Насруллоҳ сипас таъкид кард: «Аз шаҳид Раисӣ ва Абдуллоҳиён ҷуз хайр ва ҳимоят ва пуштибонӣ надидем, муҳиммтарин сифати ин ду шахсияти бузург, тавозӯъ буд, ин азизон ишқ ва эҳтиромашон барои фуқаро буд ва ин ҳосили таъсирпазирӣ аз мактаби Ислом, Расулаллоҳ (с) ва имом Хумайнӣ (рҳ) аст».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома ба ташйиъи пайкари шуҳадо ва ҷамъияти миллионӣ ишора кард ва гуфт, ки паёми ин ташйиъ ҷаноза бисёр муҳим аст.

Ӯ ташйиъи пайкари Оятуллоҳ Раисиро севумин ташйиъи ҷанозаи бузурги таърих пас аз ташйиъи имом Хумайнӣ ва шаҳид Қосими Сулаймонӣ донист ва онро нишонае аз вафодорӣ ва тааҳҳуд ва байъати мардум бо хатти имом Хумайнӣ ва раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон кард.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин росто гуфт, ки яке аз далоили шикасти сиёсатҳои Амрико дар қиболи минтақа инкори воқеиятҳо аст, Эрон кишвари қавӣ, мунсаҷим ва устувор аст, ки бо шаҳодати раисҷумҳур ва ҷамъи пур баракати шахсиятҳояш дучори тазалзул ва заъф намешавад.

Сайиди муқовимати Лубнон ҳамчунин гуфт, ки ин масоил ҷузви решаҳо ва усули ҷудоншуднии Ҷумҳурии Исломӣ аст ва бо даргузашти масъулонаш дучори тағйир ва таҳаввул намешавад ва як амри собите аст ба тавре ки аз замони пирӯзии Инқилоб дар соли 1979 Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳимояти худ аз ҷунбишҳои муқовимат ба шакли аланӣ ва возеҳ афзудааст ва ҳамагӣ инро ба хубӣ медонанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идомаи суханони худ ба ҷанги Ғазза пардохт ва гуфт: «Дар 8 моҳи гузашта, тамоми мақомоти исроилӣ, ки дар қудрат ҳузур доранд ва чӣ онҳо, ки ҷузви апазитсия ҳастанд, ба ин воқеият изъон доранд, ки режим шароитеро таҷриба мекунад, ки ҳеҷ собиқае надоштааст, душман ба шароити буғранҷи худ эътироф мекунад ва изҳори аҷз ва нотавонӣ дорад».

Сайид Ҳасан Насруллоҳ таъкид кард: «Душман ҳиҷ яке аз аҳдофи худ нарсида ва инро раиси Шӯрои амнияти дохилии режим ба он эътироф кард, ҳамчунин аз муҳиммтарин масоиле, ки режими ишғолгар аз он ранҷ мебарад, ба расмият шинохтани кишвари Фаластини аз сӯи бархе кишварҳои аврупоӣ аст».

Ӯ ин таҳаввулро аз самароти Тӯфони Ал-Ақсо донист ва гуфт: «Чӣ касе бовар мекард, ки як рӯзе девони кайфарии байналмилалӣ дархости судури ҳукми боздошти мақомоти саҳюнистиро бидиҳад ва ин қатъан яке аз натоиҷи Тӯфони Ал-Ақсо аст, ҳарчанд Исроил ҳеҷ рӯзе ба тасмимоти байналмилалӣ эҳтиром нагузошта ва шадидтарин ҳамалотро ба Рафаҳ пас аз раъйи девони додгустарии байналмилалӣ анҷом додааст».

Насруллоҳ ҳамчунин тазоҳуроти донишҷӯёни амрикоӣ ва ҳамчунин эътирозоти рӯзи гузашта дар Конгресси Амрикоро нишон диҳандаи густурдагии эҳсосоти башарӣ донист, ки амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар сартосари ҷаҳон онро барангехт.

Ӯ таъкид кард, ки агар бнёмини Нетаняҳу бихоҳад таҳоҷуми худ ба Ғаззаро то интиҳо идома диҳад ба вартаи суқут хоҳад афтод.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар посух ба иддаои Нетаняҳу дар хусуси ин ки «барномаи муҳим ва муфассале барои бозгардони амният ба шимол дорем», гуфт: «Ғазза шимолро ғофилгир кард ва як лашкар ва як артиши ҳирфаӣ аз ҳам фурӯпошид, муқовимати Лубнон дар 8 октябр шуморо ғофилгир кард ва муқовимати Яман вориди набарди Тӯфони Ал-Ақсо шуд ва тамоми дунёро ба чолиш кашид ва муқовимати Ироқ низ ба ҳимоят аз Ғазза бархост; Бинобар ин ин мо ҳастем, ки ҳақ дорем аз ғофилгириҳо сӯҳбат кунем».

Ӯ сипас хитоб ба режими Исроил таъкид кард: «Бояд мунтазири ғофилгириҳои бештаре аз муқовимат бошед».
Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар поён гуфт: «Мо ҳамеша сареҳ ва возеҳ гуфтаем, ки вақте ба ҷанг меравем бо аҳдофи мушаххас меравем ва гуфтем, ки ҳадафи аввал ҳимоят аз Ғазза ва ҳадафи дувум ҷилавгирӣ аз ҳаргуна амалиёти пешдстонаи душман алайҳи Лубнон аст».

https://tajikpress.com/2024/05/27/

captcha